
4 феврал, дар Раёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохӯрии Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Ташрифзода Амиралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо афсарону сарбозон баргузор гардид.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ Ромишҷон Каримов, афсари калони шуъбаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии Раёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иштирок дошт.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳури
и Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии афсарону сарбозон, пешгирӣ аз хатари шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва дониши сиёсии ҷавонон мебошад.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб зимни ибрози андеша таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба нуктаҳои меҳварии Паёми роҳнамои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуда, зикр кард, ки ҳамасола зимни ироаи Паёми солонаашон Президенти мамлакат дар радифи таҳлилу баррасии вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ маърифатии ҷомеа, ба масъалаи ҳифзи истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ, таъмини амнияту субот ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон, тарғиби ғояҳои маънавию ватандӯстона таваҷҷуҳи махсус равона месозанд. Аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус насли ҷавон, ки ояндаи давлату миллатанд, даъват ба амал меоранд, ки ватанро дӯст доранд ва ҳамчун фарзандони бошарафи ин хоки аҷдодӣ барои дифои марзи кишвар, таъмини амнияту суботи мардум омода бошанд.
Таъкид гардид, ки терроризм ва экстремизм аз мушкилоти глобалии замон ба ҳисоб рафта, дар ҳама гуна шакл ба яке аз масъалаҳои хатарноки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бо терроризм ва экстремизмро муҳимтарин вазифаи таъмини амнияти миллии давлату миллат ва тамоми ҷаҳон медонад. Дар идома, Амиралӣ Ташрифзода, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб вобаста ба моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар ибрози андеша намуда, афсарону сарбозони қисми низомиро ба хизмати содиқона ба миллату давлатро даъват намуд.
Иштирокдорони ҳамоиши омӯзишӣ ҳамчунин вобаста ба садоқату ҷоннисориҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан, бахусус қушунҳои сарҳадӣ, ки марзи кишварро бо қиммати ҷон ҳимоят мекунанд, ёдовар шуданд ва аз аҳли толор даъват оварда шуд, ки ҳамеша дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ҳамеша омода бошанд.
“Ҳамрози халқ”

















