ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайдалиев Гадоӣ бо ҳамроҳии мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муродалӣ Шамсов бо кормандони ташхисгоҳи беморхонаи марказии ноҳия вохӯрӣ гузарониданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ , Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешови миллат, бо дастовардҳои назаррасу дилхоҳ ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самараноку оқилона истифода бурдани ҳар қатра оби ошомиданӣ раҳнамоӣ намуданд.
Дар охир байни иштирокдорон ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия саволу ҷавобҳо сурат гирифт.