
МУЪМИНОБОД: Санаи 16-уми январи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар маҷлис муовини Раиси ҲХДТ Абдуллозода Умеда Бегмурод, раиси ноҳияи Муъминобод, узви Кумитаи Марказии ҲХДТ Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ, муовини раиси Кумит
аи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Маҳмадализода Шукрона, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Ҷалилзода Сайрамбону, вакилони Маҷлиси вакилони халқ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизб ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Маҷлис тибқи рӯзнома аз шаш масъала иборат буд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Ҷалилзода Сайрамбону доир ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2025 ва вазифаҳои дарпешистода барои соли 2026 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.
Сипас роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ Табаров Раҷабалӣ оид ба фаъолияти вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2026 гузориш дод.
Вобаста ба тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Суҳроби Бозоралӣ маълумот дод.
Дар идомаи маҷлис раиси ноҳияи Муъминобод Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ баромад намуда, фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияро мавриди таҳлил қарор дода, ба он баҳои мусбат дод. Ӯ саҳми аъзоёни ҳизбро дар татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳкими суботи иҷтимоӣ ва пешбурди корҳои тарғиботию ташкилии ҳизбӣ қобили таҳсин арзёбӣ намуд.
Сипас муовини Раиси ҲХДТ Абдулозода Умеда Бегмурод баромад намуда, таъкид кард, ки дар соли 2026 аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд иштироки худро дар корҳои созандагиву ободкорӣ боз ҳам густариш дода, дар татбиқи барномаҳои давлатӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ, беҳсозии инфрасохтор ва муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинон саҳми назаррас гузоранд.
Дар фарҷоми маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Маҳмадализода Шукрона суханронӣ намуда, гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминободро ҳамаҷониба таҳлил ва фаъолияти Кумитаи иҷроияро қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Дар анҷом қайд гардид, ки ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
















