БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ҶАМБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ДАР СОЛИ 2025 БА ВАЗИФАҲО БАРОИ ДАВРАҲОИ ОЯНДА

КӮЛОБ: 16 январи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар кори Маҷлис Маликшо Неъматзода – муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Диловар Пирзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Салим Сайвализода - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву вилоятӣ, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва фаъолони ҳизбӣ иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода ифтитоҳ намуда, зимнан масъалаҳои рӯзномарро баррасӣ намуд.

Ҳамзамон, гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2025 шунидашуд.

Қайд гардид, ки дар соли 2025 шумораи аъзои ҳизб дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб 14635 нафар мебошад, ки онҳо дар 258 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид шудаанд. Инчунин, 4 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуд.

Инчунин, иқдоми навбатии ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб таҳти унвони “365-рӯзи ташаббусҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ дар байни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб” эълон гардид.

Салим Сайвализода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми навбатиро бо корҳои созандагию ободкорӣ ва саҳм гузоштан дар ободию шукуфоии Ватани азизамон роҳандозӣ менамоянд.

Дар идома Маликшо Неъматзода муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон, мавсуф вобаста саҳми арзандаи ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб дар давраи ҳисоботӣ изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон бо ақидаҳои сиёсӣ характери милли доштааш, зери Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон замоне ба саҳнаи сиёсати кишвар омад, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳам акнун соҳибистиқлол оташи низоҳои ҷанги шаҳрвандӣ хомуш нагардида буд.

Маҳз аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонистанд, ки аз худ азму иродаи қавӣ нишон дода мардумро ба роҳи рост ва ризояти миллӣ ваҳдату ягонагӣ ва пойдории Истиқлолият ҳидоят намояд.

Саидзода Ҷамшед-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳозиринро ба оғози соли нави 2026 шодбош намуда, иброз дошт, ки соли 2025 барои ҳизбиён соли фаромушнашаванда ва хотирмон маҳсуб мегардад.

Ҷамшед Саидзода вобаста ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2025 дар самти татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб ибрози назар намуд.

Ҳамзамон, Диловар Пирзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Шоҳинов Ҳасан-аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳри Кӯлоб, Сафарзода Файзалӣ-аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ворисони Сино, Шарифзода Одинамо- аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2025 дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсию маърифатии ҷавонон, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, ташаббусҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрию вилоятӣ дар самти рушди инфрасохтори шаҳри Кӯлоб ва баланд бардоштани маърифати оиладории занону модарони шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб, инчунин ҷалби ҷавонон бакорҳои созандагию ободкорӣ ва ба ин васила пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ибрози андеша намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар охир аз рӯи масъаллаҳои баррисӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба як зумра фаъолони ҳизбӣ медалҳои ҷашнии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, ба ғолибони озмунҳои ҳизбӣ аз рӯи номинатсияҳои “Ташкилоҳои ибтидоии ҳизбии беҳтарин, ки 100 нафар ва аз он боло аъзои ҳизб доранд”, “Беҳтарин вакилони вилоятӣ аз шаҳри Кӯлоб”, “Беҳтарин вакилони шаҳри Кӯлоб” бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон