
КӮЛОБ: Имрӯз ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни сафари корӣ дар назди муҷассамаи "Дуои Модар" гул гузоштанд.
Ҳамзамон дар доираи сафар бо собиқадорони ҳизбӣ мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
Сипас дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Маликшо Неъматзода — муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед — раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Диловар Пирзода — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Салим Сайвализода — раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ ва вилоятӣ, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид шуд, ки Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳуҷҷати муҳими стратегӣ маҳсуб ёфта, масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ, таъмини амният, дастгирии занону ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ мардумро фаро мегирад.
Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки дар робита ба эълон гардидани соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҳар яки моро зарур аст, ки дар ободонӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда дошта бошем.
Дигар аз нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат ин таъкиди қабули ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар робита ба ин, Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ қайд намуданд, ки танҳо санаи 12 декабри соли ҷорӣ ду ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони миллали Муттаҳид пазируфта шуд, ки аз ин эътирофу шинохти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои кишварамон дарак медиҳад.
Дар доираи ташаббусҳои байналмилалӣ соли ҷорӣ конференсияи байналмилалии сатҳи баланди илмӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки Тоҷикистон мизбони садҳо олимону муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонии соҳаи ҳифзи пиряхҳо буд.
Дар доираи инҳамоиш маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд.
Дар фарҷом як қатор фаъолон бо мукофотҳои ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамоиш дар фазои ифтихори ватандорӣ ва ҳуввияти миллӣ ба поён расид.
Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
















