
ЛЕВАКАНТ: Дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳӣ”-и шаҳри Левакант таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи ҲХД, раиси шаҳри Левакант муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ мудири шуъбаи таблиғот иттилоот Дастгоҳи Марказии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ширинбекзода Садриддин, мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулвоҳидзода Дилшод, Вакилони
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, роҳбарону мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, намояндагон ва дигар шахсони масъул ҷаласаи ҷамъбастӣ аз рӯйи натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар соли 2025 баргузор гардид.
1. Гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Левакант дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.
2. Гузориши роҳбари гуруҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба фаъолият дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кории гуруҳи вакилии ҳизбӣ барои соли 2026
3. Тасдиқи нақшаи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ барои нимсолаи якуми соли 2026
4. Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025
5. Тасдиқи нақшаи-чорабиниҳо доир ба роҳандозии корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳр дар соли ҷорӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026-соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ
6. Масъалаҳои ташкилӣ
Вобаста ба м
асъалаи якум, Раиси Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2025 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда баромад намуд. Мавсуф қайд намуд, ки новобаста аз камбудию пешравиҳо кормандони Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант соли 2023-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда дар пешравию корҳои созандагӣ, тарғибу таблиғи ҳадафу барномаҳои ҳизб ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Дар идомаи маҷлис роҳбари гуруҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба фаъолият дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кории гуруҳи вакилии ҳизбӣ барои соли 2026 Исмонқулова Маҳбуба, ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориёнбонк” Тоҷиддинов Ориф, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саёҳӣ” Саидзода Саймаҳмуд, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи оҳанчиён” Файзов Маҳмадулло, ба музокира баромада вобаста ба фаъолияти ташкилот ҳисобот дод.
Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сипас, Узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, раиси шаҳри Левакант муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ ба соҳаҳои маорифу тиб, занон, ҷавонон, ноболиғон аз масъулини дахлдор
пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани мушкилот ва ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, тарғиби дастовардҳои Истиқлолият, Ваҳдат миллӣ ва ғайра дастуру супоришҳо дод.
Сипас Раиси мудири шуъбаи таблиғоти Дасгоҳи Марказии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикитсон Ширинбекзода Садриддин сухан баромада, оиди фаъолияти ҳизбӣ, баргузории аксияҳои ҳизбӣ, тезонидани обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ, хусусан ташаббусҳои ҳизбӣ ибрози андеша намуданд. Номбурда қайд кард, ки дар баробари дигар Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант низ назаррас буда, дар сомонаи Кумита ҳамарӯза хабару андешаҳо ва вокунишҳо сари вақт ҷой дода мешаванд.
Ҳамчунин қайд намуданд, ки дар ҷамъбасти соли 2025 низ фаъолиятро хуб ба роҳ монда дар якҷоягӣ бо вакилони шаҳри ва фаъолони шаҳр бар зидди гурӯҳҳои экстремистию ифротӣ вокунишҳои саривақтӣ нишон дода манфиатҳои давлату миллатро дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ иникос намоянд.
Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардидаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

















