
Ҷ.БАЛХӢ: Санаи 15 январи соли 2026 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки корманди маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи КИМ ҲХДТ Қосимзода Абдуқаҳор, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Маҳмадализода Шукрона, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонзода Лола, муовинони раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбонзода Қурбоналӣ Муродалӣ ва Шукурзода Шаҳло, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони халқи ноҳия, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд.
Нахуст кори маҷлисро раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ Сулаймонзода Лола ифтитоҳ намуда, масъалаҳои зерини рузномаро пешниҳод намуд:
1. Гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда
2. Гузориши роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба фаъолияти вакилон дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилӣ дар соли 2026
3. Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар нимсолаи якуми соли 2026
4. Дар бораи тасдиқи нақшаи-чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 16 декабри соли 2025
5. Дар бораи тасдиқи нақшаи-чорабиниҳо доир ба роҳандозии корҳои созандагиву ободонӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
6. Масъалаҳои ташкилӣ.
Баъди пешниҳоди рӯзнома гузориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2025 шунида шуд.
Дар идомаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Бахши кор бо ҷавонон" Исматзода Саидшо ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" Толибова Малоҳат ба музокира баромаданд.
Аз рӯи масъалаи дигари рӯзнома роҳбари гурӯҳи вакили вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ Шукурзода Шаҳло баромад намуда, оид ба фаъолияти вакилони халқи ноҳия ҳисобот дода, қайд намуд, гурӯҳи вакилии вакилони халқи ноҳия корро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монданд.
Инчунин аз рӯи масъалаи дигари рӯзнома нақша-чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 16 декабри соли 2025 тасдиқ гардид.
Сипас, корманди маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қосимзода Абдуқаҳор оид ба таблиғу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар андешаҳо баён намуда, оид ба аҳамияти Паёми Президенти кишвар ҳамчун дастури муҳими роҳнамо суханронӣ кард. Инчунин, дар баромади худ оид ба нақши ҲХДТ дар ташаккулёбии давлатдорӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлол нерӯи созандаю бунёдкор, ки ҷалбӣ аҳолӣ ба созандагию бунёдкорӣ аст суханронӣ намуданд.
Инчунин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Маҳмадализода Шукрона баромад намуда, вобаста ба ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Сипас, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбонзода Қурбоналӣ зимни суханронӣ қайд намуданд, ки дар самтҳои тарғиби фарҳангӣ миллӣ, пешгирии шомилшавии сокинон алалхусус ҷавонон ба ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, вусъати корҳои ободонӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии сокинон ва баргузории чорабиниҳои гунонгун миёни аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳия, баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар охири маҷлис якчанд нафар фаъолони ҳизб барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, чанде аз ҷавонони фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба сафи узвияти ҲХДТ пазируфта шуданд.
















