ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муасисаҳо вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар шуъбаи меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.
Зимни баргузории хониши сиёсӣ дар мавзӯъи тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо гузаронида шуд.
Дар рафти мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро фаҳмонид.
Инчунин оид ба маъсалаи паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо ҳарф зад.
Дар идомаи мулоқот суханронии Раҷабзода Маҳмадсаидро кормандони шуъбаи номбурда Талбаков Исроил ва Одинаев Даврон ҷонибдори карда андешаҳои худро баён карданд.
Машғулияти сиёсӣ ба кормандони шуъбаи меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик таассуроти неку гуворо бахшид.