
НОРАК: Санаи 15 январи соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба ҷамъбасти фаъолияти кории КИ ҲХДТ дар соли 2025 бо иштироки, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда Бекмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Раёсати Кумитаи Марказӣ, раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Асозода Савлатмоҳ Сайфуллло баргузор гардид.
Ҳамзамон дар маҷлис, муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳо, аъзоёни фаъоли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, раисони
ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва собиқадорони ҳизбӣ иштирок намуданд.
Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
1. Гузориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.
2. Гузориши роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба фаъолият дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ барои соли 2026.
3. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак барои нимсолаи якуми соли 2026.
4. Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025.
5. Тасдиқи нақша – чорабиниҳо доир ба роҳандозии корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳр барои соли ҷорӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026 – соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ.
6. Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабул ба сафи ҳизб.
В
обаста ба масъалаи якум, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак – Асозода Савлатмоҳ Сайфулло баромад намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак дар соли 2025 ҳисобот доданд.
Зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ва сохторҳои ҳизб дар шаҳр дар пешрафти ҳаёти сиёсии ҷомеа саҳми сазовор гузошта, баҳри мустаҳкам намудани эътибори шоистаи ҲХДТ ҳамарӯза талош варзиданд.
Сипас, бо овоздиҳии кушод нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак барои нимсолаи якуми соли 2026 тасдиқ карда шуд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома оид ба фаъолияти гуруҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар соли 2025 роҳбари гуруҳи вакилӣ Файзалова Гулрухсор баромад кард.
Дар кори маҷлис раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод аз ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак давоми соли 2025 натиҷагирӣ карда, ба роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак, инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият, вусъатбахшии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни ҷавонону наврасон ва дар замири онҳо бедор кардани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои фаъолияти минбаъда вазифаҳоро муайян карданд ва доир ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа сухан намуданд.
Ҳар як аъзои ҳизб бо дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати дурбинона ва созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!” талош варзад – иброз намуданд раиси шаҳр.
Дар идома, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саид
зода Ҷамшед Ҳамро нақши аъзои ҲХДТ дар ташкилу баргузории он баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта, рисолат ва масъулияти гарони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, созандагиву ободкориро бар дӯш дорад.
Воқеан ҳам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ тавонист, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуда, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум иқдомоти наҷибу шоистаеро рӯйи кор оварад.
Ҳамаи он масъалаҳое, ки дар рӯзномаи маҷлис ҷой дошт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар фарҷом, барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, таҳкими ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак қадршиносӣ гардидаанд.
Бо ҳамин, маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба анҷом расид.
















