
ДАНҒАРА: Санаи 15 – уми январи соли 2026, дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, Маҷлиси Кумитаи иҷроия оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Абдуллозода Умеда Бегмурод - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хат
лон, Саломзода Сиҷоуддин - раиси ноҳияи Данғара, Сайдализода Садриддин Достӣ - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ - роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара ва ҳамчунин фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, гурӯҳи вакили дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва ВАО иштирок намуданд.
Нахуст кори маҷлисро Сайдализода Садриддин Достӣ - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оғоз намуда, иштирокдоронро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
1. Гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.
2. Гузориши роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара оид ба фаъолият дар соли 2025.
3. Тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ барои соли 2026.
4. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара барои нимсолаи якуми соли 2026.
5. Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025.
6. Тасдиқи нақшаи – чорабиниҳо доир ба роҳандозии корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Данғара дар соли ҷорӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026 – соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ.
7. Масъалаҳои ҷорӣ.
Баъди шинос шудан ба рӯзномаи маҷлис аз руи масъалаи якум гузориши Сайдализода Садриддин Достӣ - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуда, қайд гардид, ки Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар соли сипаригардида ҷиҳати тарғибу та
швиқи Паёми Сарвари давлат, дастовардҳои даврони Истиқлол, пешгирии равандҳои ифротгаро, гаштугузори хона ба хона, мулоқотҳои деҳа ба деҳа, ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ, варзиш ва хизмати ҳарбӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва маъюбиятдошта, дидорбинии собиқадорони ҳизбӣ як қатор аксияву ҳамоишҳо, мизҳои мудаввару конфронсҳо, ҷаласаву мулоқотҳои тарғиботиро ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ роҳандозӣ намуданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки дар партави Паёми Сарвари давлат, ҷиҳати тақвияти маърифати ҳуқуқию шуури сиёсии шаҳрвандон, таҳкими ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии шаҳрвандон, шарҳу тавзеҳи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин пешгирии зуҳуротҳои номатлуби иҷтимоӣ, ба монанди терроризму ифротгарои, ҳурофотпарастиву бегонапарастӣ, аз ҷониби гурӯҳҳои муштараки тарғиботии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ва дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯриву мулоқотҳо дар маҳалҳо бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ ташкил ва гузаронида шудааст.
Баъди гузориши раиси Кумита, Хайруллозода Саъдулло раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”- и ноҳияи Данғара ба музокира баромада, вобаста ба фаъолияти ва дастовардҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур дар соли сипаригардида суханронӣ намуда фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро қаноатбахш арзёби намуданд.
Баъдан Саломзода Сиҷоуддин – раиси ноҳияи Данғара ба сухан баромада аз ҳамкориҳои судманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ёдовар шуда, нақши ҳизбро дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ калидӣ арзёбӣ намуд. Аз ҷумла иброз дошт,ки ҳизбиён чун ниҳоди идеологӣ дар масъалаҳои таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, дастгирии сиёсати иҷтимоӣ, рушди соҳибкорӣ, иқтисоди рақамӣ, саноатикунонии босуръат ва таҳкими амнияти миллӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифта, аз ташкилотҳои ҳизбӣ тақозо мегардад, ки фаъолияти худро ба тарғибу татбиқи амалии ин ҳадафҳо равона намоянд.
Дар идома Саидзода Ҷамшед Ҳамро – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Абдуллозода Умеда Бегмурод - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромад намуда, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 декабри соли 2025 оид ба пешбурди фаъолият дар самтҳои таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиву саноат, энергетика, кишоврзӣ, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартитоб, тандурустӣ ҷавонон ва дигар соҳаҳои давлатдорӣ вазифаҳои мушаххас гузошта, дар шумори чанд рӯйдоди таърихӣ баргузории интихоботи ва
килони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро аз дастовардҳои назаррас ва муҳими таърихи баён намуданд. Махсусан ба масъалаҳои рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғараро қаноатбахш арзёбӣ намуданд ва ҷиҳати тақвияти корҳои ташкилию сиёсӣ, ҷалби бештари ҷавонону занон ва таҳкими робита бо ҷомеа тавсия ва дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Вобаста ба масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис гузориши Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ - роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара оид ба фаъолият дар соли 2025 шунида шуд.
Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзнома баррасӣ ва нақшаи чорабиниҳо вобаста ба самтҳои мухталиф тасдиқ гардида, ба масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис пешниҳодгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара баҳри амалӣ шудани ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, мавқеи ҲХДТ-ро дар ҷомеа боз ҳам пойдору мустаҳкам менамояд, барои дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои нақшаҳои тасдиқгардида аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.
















