
АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: Санаи 15 январи соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид, ки дар кори он Аҳмадзода Оятулло, раиси ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан” – и КИМ ҲХДТ, Амирзода Маҳмуд Ҳамид, узви- Раёсати КИ ҲХДТ раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маҷлисро Қосимӣ Назокат - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кушода, меҳмононро муаррифӣ ва рӯзномаи маҷлисро барои тасдиқ ба овоз гузошт.
Сипас рӯзномаи маҷлис дар бораи;
1. Дар бораи гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ “Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2025 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2026”;
2. Дар бораи гузориши роҳбари Гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба фаъолият дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кори Гурӯҳи вакилӣ дар соли 2026;
3. Дар бораи тасдиқи нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимсолаи якуми соли 2026;
4. Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии мамлакат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 16-декабри соли 2025;
5. Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо доир ба роҳандозии корҳои созандагиву ободонӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026, соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ;
6. Дар бораи таъсиси Кумитаи тадорукоти озмуни “Беҳтарин таблиғгар”, “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳал” ва “Беҳтарин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ” ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026, соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ;
7. Масъалаҳои ҷорӣ.
Аз руи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Қосимӣ Назокат, оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 г
узориш манзур намуд.
Дар гузориш зикр гардид, ки соли 2025 бо рӯйдодҳои таърихӣ ва фарраҳбахш, баргузории интихоботи Парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ барои кишвари тозаистиқлоламон як соли пур аз дастовардҳо маҳсуб гардида, саҳифаи пурҷило ва рангини давлатдории навинамон хоҳад шуд.
Гуфта шуд, ки тибқи нишондоди ҳисоботи оморӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2025, 8488 - нафар аъзои ҳизб 148 ташкилоти ибтидоӣ мебошад. Аз ин шумора 3977- нафар занон ва 1735 нафар -ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ 5 ташкилоти ибтидоии нав таъсис дода шуда, 1056 - нафар аъзо ба узвияти ҳизб қабул карда шуданд. Аз шумораи умумии 1056 - нафар аъзои ҳизбе, ки дар соли 2025 ба сафи ҳизб аъзо шуданд, 60 нафарашонро аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ташкил мекунанд.
Баргузории вохӯриҳо бо бонувону ҷавонон ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуб ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, ҷалби волидайн ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатми будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, пешгирии фарҳанги бегона, фаҳмонидани муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ба роҳ мондани корҳои тозагиву ободонӣ ва риояи маданияти шаҳрнишинӣ самти афзалиятноки фаъолияти ҳизбиён дар соли 2025 ба шумор меравад.
Дар гузориш иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра яке аз самтҳои фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба идҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ аз қабили “Рузи артиши миллӣ” “Рӯзи модар” ҷашни байналмиллалии “Наврӯз” Ҷашни Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлати ва 31-солагии таъсисиёбии ҲХДТ чорабиниҳои ниҳоят зиёди маърифатӣ ва хусусияти тарбиявӣ доштаро баргузор намудааст.
Дар музокира масъалаи якум – Муминов Саидҷон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Давлатова Насима – коргузори ҳизбӣ, ташкилоти ибтидоии “Дармонбахш” суханронӣ намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҳизбро дар соли 2025 назаррас арзёбӣ намуданд.
Оид ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис – Наҷмиддинов Сафарбек роҳбари гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳиявӣ гузориш пешниҳод намуданд.
Дар охир Аҳмадзода Оятулло, раиси ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан” – и КИМ ҲХДТ, Ҳусейнзода Наврӯз- муовини раиси Кумита иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Амирзода Маҳмуд Ҳамид - узви Кумитаи иҷроия-раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ-ро дар соли 2025 назаррас арзёбӣ намуда, ба аъзои Кумитаи иҷроия ва раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ баҳри хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дастуру пешниҳодҳои муфид доданд.
Дар фаромади маҷлис ба як қатор узви фаъоли ҳизб, ки дар фаъолияти корӣ ва ҳизбӣ садоқати баланди сиёсӣ зоҳир намудаанд бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ қадрдони шуда, ба ҷавононе, ки иродаи сиёсии хешро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ дохил шуданд, Шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим гардид.

















