БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ МИНБАЪДА.

ҶАЙҲУН: Санаи 14-январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки И.в раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Ализод Азизулло Муҳибулло, корманди маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи КИМ ҲХДТ Қосимзода Абдулқаҳор, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Маҳмадраҷабзода Маҳмадшариф, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони халқи ноҳия, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд.

Ба рӯзномаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун 8 масъаларо пешниҳод ва баррасӣ намуданд.

1. Гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар соли 2025 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2026,

2. Дар бораи гузориши роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун оид ба фаъолият дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кори гурӯҳи вакилӣ дар соли 2026;

3. Дар бораи тасдиқи нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар нимсолаи якуми соли 2026.

4. Дар бораи тасдиқи нақшаи-чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии мамлакат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 16 декабри соли 2025;

5. Дар бораи тасдиқи нақшаи- чорабиниҳо доир ба роҳандозии корҳои созандагиву ободонӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026, соли вусъат додани корхои ободониву созандагӣ ва тақвияти таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ,

6. Дар бораи таъғирот ворид намудан ба аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун.

7. Дар бораи таъғирот ворид намудан ба ҳайати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

8. Масъалаҳои ташкилӣ.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Маҳмадраҷабзода Маҳмадшариф оғоз намуда меҳмононро ба ҳозирин шинос намуданд.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ҷамъбасти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар соли 2025 ва вазифагузориҳо барои давраи минбаъда баромад намуд. Мавсуф иброз дошт, ки соли 2025 бо рӯйдоди фараҳбахшу таърихӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дар соли 2025 амалисозии ташаббусҳои нави созандагию бунёдкорӣ роҳандози гардидааст.

Дар идомаи маҷлис раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ба музокира баромада оиди фаъолияти Шӯрои собиқадорон ҳисобот дод.

Аз рӯи масъалаи дигари рӯзнома роҳбари гурӯҳи вакили вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим баромад намуда, оиди фаъолияти вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун ҳисобот дода қайд намуд, гурӯҳи вакилии вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун аз 39- нафар иборат буда, корро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монданд.

Инчунин аз рӯи масъалаи дигари рӯзнома - нақша- чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии мамлакат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 16 декабри соли 2025 тасдиқ гардид.

Сипас корманди маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қосимзода Абдулқаҳор оид ба таблиғу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар андешаҳо баён карда шуда, дар идома оид ба аҳамияти Паёми Президенти кишвар ҳамчун дастури муҳими роҳнамо суханронӣ кард.

Инчунин, дар баромади худ оид ба нақши ҲХДТ дар ташаккулёбии давлатдорӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлол нерӯи созандаю бунёдкор, ки ҷалбӣ аҳолӣ ба созандагию бунёдкори аст суханрони намуданд. Инчунин Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз баромад намуда, вобаста ба ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Сипас, И.в Раиси ноҳияи Ҷайҳун Ализод Азизулло Муҳибулло зимни суханронӣ қайд намуданд, ки дар самтҳои тарғиби фарҳангӣ миллӣ, пешгирии шомилшавии сокинон алалхусус ҷавонон ба ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, вусъати корҳои ободонӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии сокинон ва баргузории чорабиниҳои гунонгун миёни аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳия, баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон