
ҚУБОДИЁН: Санаи 14-уми январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Қубодиён, маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, дар соли 2025 ва нақшаҳо, барои соли 2026 баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, роҳбари ҷумҳуриявии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аҳмадзода Оятулло, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Маҳмадализода Шукрона, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиё
н Шарипова Тоҷиниссо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии ноҳия иштирок доштанд.
Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
1. Гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Қубодиён оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар соли 2025 ва вазифаҳо
барои фаъолияти минбаъда.
2. Гузориши гуруҳи вакилии хизбӣ дар Маҷлиси вакилони
халқи ноҳияи Қубодиён оид ба фаъолият дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кории гуруҳи вакилии ҳизби барои соли
2026
3. Тасдиқ ва тағиӣрот ба ҳайати нави аъзои Кумитаи
иҷроияи ноҳияи Қубодиён
4. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ноҳияи
Қубодиён барои нимсолаи якуми соли 2026.
5. Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва тарғибу ташвиқи
Паёми Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025.
6. Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо доир ба роҳандозии корҳои
созандагиву ободонӣ дар ноҳия дар соли ҷорӣ дар доираи
эълон гардидани соли 2026-соли вусъат додани корҳои
ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву
худогоҳии милли.
7. Қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб дар семоҳаи чоруми соли 2025
8. Масъалҳои чорӣ
Вобаста ба масъалаи якум, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2026 баромад намуд. Қайд намуд, ки н
овобаста аз камбудию пешравиҳо кормандони Кумитаи иҷроия соли 2025-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда дар пешравию корҳои созандагӣ, тарғибу таблиғи ҳадафу барномаҳои ҳизб ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Сипас раисони ташкилоти ибтидои ҳизбии ноҳия ҳисоботи ҷамъбасти солонаи худро ироа намуда қайд карданд, ки қамбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда инчунин то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат додани корҳои ободониву созандагиро ба роҳ монда корҳои дар пеш истодаро ҷонок хоҳанд кард.
Ҳамзамон роҳбари ҷумҳуриявии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аҳмадзода Оятулло, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Маҳмадализода Шукрона ва раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ доир ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2026, тасдиқи нақшаи чорабинҳо вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тасдиқи қарорҳои ташкилоти ибтидоӣ, омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.
Масъулин, вобаста ба омодагиҳо ҷиҳати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки воқеан, Истиқлолияти давлатӣ неъмати бузург ва бебаҳое мебошад, ки дар марҳилаи нави таърихӣ баъд аз ҳазор соли соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистони азизи мо насиб гардид. Албатта ин дастоварди бузурги таърихиро маҳз имрӯз мо дар симои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан меъмори истиқлол ва сулҳу ваҳдати тоҷиконро мешиносем ва ҳамеша ба ин хидматҳои бузургашон арҷ мегузорем.
Дар фарҷоми маҷлиси мазкур аз тарафи Кумитаи иҷроия як чанд нафар фаъолони раисони ташкилоти ибтидоиро бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроия қадрдони карда шуд.
















