
БАЛҶУВОН: 19 – уми январи соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон, Маҷлиси Кумитаи иҷроия оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар соли 2025 ва вазифагузори барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид.
Дар кори маҷлиси Кумитаи иҷроия Абдуллозода Умеда Бегмурод - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, узви Кумитаи иҷроия, раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ, Зоирзода Маърифат Оймаҳмад - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон, М
ирзозода Исуф - роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон ва ҳамчунин фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, гурӯҳи вакили дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, собиқадорони ҳизбу меҳнат иштирок намуданд.
Нахуст кори маҷлисро Зоирзода Маърифат Оймаҳмад - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон оғоз намуда, иштирокдоронро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
1. Гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.
2. Гузориши роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон оид ба фаъолият дар соли 2025.
3. Тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ барои соли 2026.
4. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон барои нимсолаи якуми соли 2026.
5. Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025.
6. Тасдиқи нақшаи – чорабиниҳо доир ба роҳандозии корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Балҷувон дар соли ҷорӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026 – соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ.
7. Масъалаҳои ҷорӣ
Баъди шинос шудан ба рӯзномаи маҷлис аз руи масъалаи якум гузориши Зоирзода Маърифат Оймаҳмад - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуда, қайд гардид, ки асоси фаъолияти босамари Кумитаи иҷроияро ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ташкил намуда, онҳо низ дар раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ташвиқу тарғиби ғояҳои милливу давлатдорӣ, дастовардҳои беназир ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Ҳукумату давлат нақшгузори намуда истодаанд. Аз ҷумла, таҳкими фаъолияти дохилиҳизбӣ, такмили низоми идоракунӣ, ташаккули низоми электронӣ ва ё рақамии фаъолият, таҳкими низоми узвият дар ҳизб, ташкили ниҳоди ёрирасон ва хоҷагидорӣ аз гурӯҳи масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли онҳо чораандешии фавриро тақозо менамояд. Ҳалли ин мушкилот ба он тақозо мегардад, ки онҳо асос ва ё таҳкурсии фаъолияти ҳизбро ташкил медиҳанд. Падидаи неку худшиносӣ ва созандагӣ дар он зоҳир мегардад, ки баҳри тақвияти ҳамаҷонибаи корҳои дастаҷамъона ва вусъат бахшидани раванди созандагиву бунёдкорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ дар бунёди ҷомеаи наву мутамаддин ва пешрафта саҳмгузор бошем. Маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизб
и Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини оромиву осудагӣ, сулҳу субот дар кишвар равона гардида, нақши созандаи Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли масъалаҳои умдаи ҷаҳони муосир баён намудаанд.
Ҷиҳати дастуру супоришҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар, ки дар маљлиси фаъолони ҷумҳурӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар хусуси таъмини амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои обӣ, вусъат додани кишти такрорӣ, ҳар чи бештар афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини захираи дусолаи маводи ғизоӣ баён доштанд, нақшаи вохўриҳо бо сокинон аз тарафи Гурӯҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Балҷувон дар ҳамбастаги бо кормандони Кумитаи иҷроия дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия бо усули “Хона ба хона”, “Мактаб ба мактаб”, “Деҳа ба деҳа” бо иштироки раисони ҷамоатҳои деҳот, вакилони ноҳиявӣ ва ҷамоатӣ, собиқадорони ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳи ба роҳ монда шудааст.
Баъди гузориши раиси Кумита, Мирзозода Тоҷиддин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзишгарон”- и ноҳияи Балҷувон ба музокира баромада, вобаста ба фаъолияти ва дастовардҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур дар соли сипаригардида суханронӣ намуда фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро қаноатбахш арзёби намуданд.
Аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонӣ” Камолиён Моҳсафар дар музокираи хеш иброз дошт, тавре ки Сарвари давлат дар Паёмашон санаи 16-уми декабри соли 2025 баргузор гардид, иброз доштанд, “Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем”.
Ин дастгириву таваҷҷуҳ далолат аз он медиҳад, ки мо аъзоёну ҳамҳизбиён ва бонувону модарон дар баробари иҷрои вазоифи корӣ, ҳамзамон барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва “ Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, расму ойинҳо, суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пушидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ диҳем.
Миралиев Алишер-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг”-и ноҳияи Балҷувон аз фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ гузориш дода, иброз намуд, ки саҳми аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии ноҳия назаррас буда, баҳри амалишавии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ пайваста саҳмгузорӣ менамоянд.
Гузориши роҳбари гурӯҳи вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф, дар Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроия дар соли 2025 шунида шуда, иброз дошт, ки мақсад аз ташкил намудани гурўҳи вакилӣ тибқи Оинномаи ҳизб вакилон-аъзои њизб барои изњори дастаљамъонаи аќидањои сиёсї ва амалї гардонидани барномањои пешазинтихоботии худ мебошад. Дар асоси Оинномаи ҲХДТ узви гурўҳи вакилии ҳизбӣ вазифадораст, ки дар фаъолияти серҷабҳаи вакилӣ яъне қонунгузорӣ, намояндагӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ фаъолона иштирок намояд.
Узви Кумитаи иҷроия – раиси ноҳияи Балҷувон ба сухан баромада аз ҳамкориҳои судманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ёдовар шуда, нақши ҳизбро дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ нек арзёбӣ намуд. Аз ҷумла иброз дошт,ки ҳизбиён чун ниҳоди идеологӣ дар масъалаҳои таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шоистаи мардум, дастгирии сиёсати иҷтимоӣ, рушди соҳибкорӣ, иқтисоди рақамӣ, саноатикунонии босуръат ва таҳкими амнияти миллӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифта, аз ташкилотҳои ҳизбӣ тақозо мегардад, ки фаъолияти худро ба тарғибу татбиқи амалии ҳадафҳои созанда равона намоянд.
Дар идомаи Маҷлиси Кумитаи иҷроия Абдуллозода Умеда Бегмурод - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Саидзода Ҷамшед Ҳамро – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баромад намуда, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 декабри соли 2025 оид ба пешбурди фаъолият дар самтҳои таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиву саноат, энергетика, кишоврзӣ, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартитоб, тандурустӣ ҷавонон ва дигар соҳаҳои давлатдорӣ вазифаҳои мушаххас гузошта, дар шумори чанд рӯйдоди таърихӣ баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии беш аз сад соли охир ҳалношудаи байн ду давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро аз дастовардҳои назаррас ва муҳими таърихи баён намуданд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки НБО-Роғун ҳамчун иншооти муҳими аср ба ҳисоб рафта, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии он ба ҳисоб меравад, ки ҳар яки мо аъзоён ва фаъолони ҳизбиро зарур аст, ки дар пешбурди ин ҳадафи созанда ва рушди Стратегияи миллӣ ҳиссагузорӣ намоем.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дастгириҳои занону бонувон дар ҳар як баромадашон сухан ронда, таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа ва баланд бардоштани мақом зан-модарро дар сиёсати Ҳукумати мамлакат нек арзиёби намуда, онҳо низ дар пешрафт, рушд ва шукуфоии Тоҷикистони азиз камари ҳиммат баста, дар ҳама соҳаҳои муҳими иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар нақши созгор мегузоранд.
Мо ҳама бояд сарҷамъона ва аҳлона дар гирди Сарвари давлат муттаҳид гашта, пуштибони аз сиёсати созанда ва дар заминаи эълон гардидани соли 2026, ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” бо азму иродаи қавӣ ва шаҳрвандии хеш дар амалишавии ҳадафҳои созандаву бунёдкорона нақши бориз гузорем.
Махсусан ба масъалаҳои рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувонро қаноатбахш арзёбӣ намуданд ва ҷиҳати тақвияти корҳои ташкилию сиёсӣ, ҷалби бештари ҷавонону занон ва таҳкими робита бо ҷомеа тавсия ва дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис баррасӣ ва нақшаи чорабиниҳо вобаста ба самтҳои мухталиф тасдиқ гардида, ба масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис пешниҳодгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар фароварди Маҷлиси имрӯза як чанд аъзои фаъолии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Кумитаи иҷроияи ноҳияви қадрдони гардида, ҳамчунин аъзоҳои нав аз ҳисоби ҷавонону духтарон, ки ба сафи ҲХДТ қабул шуданд, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баҳри амалӣ шудани ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, мавқеи ҲХДТ-ро дар ҷомеа боз ҳам пойдору мустаҳкам менамояд, барои дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои нақшаҳои тасдиқгардида аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.


















