БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оғози тадбиқи нақша-чорабиниҳои нимсолаи дуюм бо хониши сиёсӣ дар ҷамоати шаҳраки Панҷ

ПАНҶ. Бояд хотирнишон сохт, ки рушду пешрафти ҳар як ҷомеа аз сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва андешаву маънавиёти созандаи он вобаста аст.

Бо ин мақсад дар асоси накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Файзиев Каримҷон ва мудири шуъбаи маънавиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Нуруллоев Маъруф дар ташкилоти ибтидоии шаҳраки «Панҷ» бо иштироки фаъолон ва кормандони ин ҷамоат хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Пеш аз шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб масъулин оид ба  ваҳдат ва сулҳи сартосарии кишвар суханронӣ намуда, аз заҳматҳои ҷонфидоёнаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сулҳу суботи мамлакат ва мушкилоти ба даст овардани ин неъмати бебаҳо барои миллати мо ёдовар гашта, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ба қадри ин неъмат расанд ва фарзандону ҷавононро, ки мушкилоти солҳои навадумро надидаанд,  барои расидан ба қадри он тарбия намоянд.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонон, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи нерӯи барқ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар самтҳо дар меҳвари вохӯрӣ қарор доштанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ фаъолон Қурбонова Шаҳло ва Ҳаётов Ҳотам баромад намуда, аз иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноия изҳори минатдорӣ баён дошта, қайд карданд, ки  чунин тадбирҳо сатҳи ҷаҳонбинӣ ва  огоҳии мардумро аз хатару таҳаввулотҳо баланд бардошта, онҳоро ба фардои ободу осуда ҳидоят менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg