
ВАХШ: Санаи 13-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Муассисаи тахсилоти миёнаи умумӣ √1, маҷлиси ҷамъбастии соли 2025-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш баргузор гардид.
Дар кори маҷлис мудири шӯъбаи ташвиқот ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ширинбекзода Садриддин, раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Вахш Негматзода Азизулло, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Рӯзномаи маҷлис аз 7- масала иборат буд.
Баъд аз оғози маҷлис ҳисоботи солонаи 2025-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш аз ҷониби Раиси Кумита пешкаши иштирокчиёни гардид. Дар умум оиди ҳама масъалаҳои рӯзномаи маҷлис маърӯзаҳо карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ширинбекзода Садриддин дар баромади худ оид ба нақши ҲХДТ дар ташаккулёбии давлатдорӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлоли суханрони намуданд.
Инчунин Ҳусейнзода Наврӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, иброз дошт, ки ҲХДТ нерӯи созандаю бунёдкор, ки ҷалбӣ аҳолӣ ба созандагию бунёдкори таваҷӯҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ зимни суханронӣ қайд намуданд, ки мо ҳама якҷо аъзои фаъоли ҲХДТ, тамоми заҳмату талоши худро баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона созем.

















