
КӮШОНИЁН: Санаи 13-уми январи соли равон дар толори мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Холзода Муҳамадшариф Муҳабат-раиси ноҳия Кӯшониён, Абдулқаҳор Қосимзода–корманди таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Ҳусейнзода Наврӯз- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Каримзода Ширинбек-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ да
р ноҳияи Кӯшониён, аъзоёни кумита, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" доир гардид.
Рӯзномаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён аз рӯйи масъалаҳои зерин;
1. Гузариши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда,
2. Гузориши роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба фаъолият дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ барои соли 2026,
3. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён барои нимсолаи якуми соли 2026;
4. Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025:
5. Тасдиқи роҳандозии корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия, дар нақшаи-чорабиниҳо доир ба соли ҷорӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026-соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таквияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ;
6. Дар бораи қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб:
7. Масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Нахуст рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзоёни кумита тасдиқ карда шуда, тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши Каримзода Ширинбек раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумита барои соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо дарназардошти натиҷаи муқоисакунӣ ва бо мақсади зиёд намудани аъзои ҳизб тасмим гирифта шуд, ки ҳар моҳ ҳар як корманди масъули ҳизбӣ аз ҳисоби ҷонибдорони ҳизб, шаҳрвандони салоҳиятнок ва содиқу масъулиятнокро барои аъзогӣ ба ҲХДТ ҷалб созанд.
Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Кӯшониён аз моҳи январ то декабри соли 2025 аъзои ҳизб дар ноҳия 18936 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 10293– нафарашон занон ва 5242 - нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ 3 адад ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, 1331 нафар ба сафи ҳизб қабул карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён 3126 -адад мавод интишор карда шудааст. Аз шумораи умумии маводи инъикосшуда, 146 - адад андеша ва 114 – адад вокуниш нисбати амалҳои муғризонаву иғвоангезонаи зархаридон, 848 - суҳбату вохӯриҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳия, 83 - адад мулоқоту вохуриҳо бо ҷалби аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, 267 - соати сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳия, 542 - адад шанбегиҳои дастаҷамъӣ, 235- адад видеогузориш, 67 адад ҳамоиши илмӣ-амалӣ, инчунин 940 – адад кумаки хайриявӣ ва аёдати собиқадорон, 543 – адад аксия, 66 – адад озмун дар ноҳия, 238 - адад чорабиниҳои варзишӣ баргузор гардид, ки дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук (Facebook)- и Кумита, ба таври васеъ инъикос гардиданд.
Сипас дар музокира аъзоёни Кумитаи иҷроия Сарихонова Сарвиноз, Қаюмов Файзалӣ ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониёнро дар соли 2025 мусбат арзёбӣ намуда, вобаста ба ин қарори дахлдор қабул карда шуд. Дар идома гузориши роҳбари гурӯҳи вакилони халқи ноҳия Сатторова Моҳбону шунида шуда, нақшаи кории вакилон барои соли 2026 пешниҳод ва мавриди тасдиқ қарор дода шуд.
Абдулқаҳор Қосимзода–корманди таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ҳусейнзода Наврӯз- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлондар дар идома, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


















