
6 январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Москва оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 декабри соли 2025) «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, аз ҳавзаи интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ №48, Мирзозода Нурулло Абдулҳай, раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, аз ҳавзаи интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ №49, Маҳмуродзода Моҳира, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, аз ҳавзаи интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ №50 ва Муродзода Марҷона, муовини сартабиби Беморхонаи марказии ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, аз ҳавзаи интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ №51 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мирзозода Нурулло Абдулҳай, раиси ноҳия вохӯриро ифтитоҳ намуда, Паёми Пешвои миллатро санади сарнавиштсоз унвон карда, ба нақши он дар рушди кишвар таъкид намуд.
Сипас, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб доир ба самтҳои афзалиятноки Паём, аз ҷумла иқтисодиёт, молия, саноат, нақлиёт, хизматрасонии маишӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, маорифу илм, фарҳанг, тандурустӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва нақши занон дар ҷомеа ва амсоли ин маърӯза намуд.
Зикр шуд, ки қабули як қатор қатъномаҳои байналмилалӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба “Ҳифзи пиряхҳо”, “Зеҳни сунъӣ” ва ворид шудани ёдгориҳои фарҳангии Хутали қадим ба Феҳрист
и мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, инчунин эълони соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” шаҳодати ҷойгоҳи баланд ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд.
Ҳамзамон, бо назардошти омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки мардуми ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо дарки баланди масъулият дар татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт ва дар рушду пешрафти ноҳия фаъолона иштирок менамоянд.


















