НОРАК. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ноарк ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, дар назди хонаҳои истиқоматӣ ва соҳили дарёи Вахш шанбегии умумишаҳрӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор карда шуд.
Дар шанбегӣ инчунин, аъзои бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ширкат варзида, дар тозаю озода намудани муассисаҳои таълимӣ, гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, нарм намудани бехи дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ саҳми арзандаи хешро гузоштанд.
Чунин амалҳои созандаву наку дар ҳудуди шаҳр пайваста роҳандози карда мешавад.