Н.ХУСРАВ. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Бешкаппа” ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тақозои замон» бо иштироки васеъи ҷавонону наврасони маҳалла баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Алиева Сураё ҳамоиши ҳунарҳои мардумии маҳаллаи Бешкаппаи ҷамоати деҳоти Наврӯзро ифтитоҳ намуда қайд кард, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ падидаи накӯест дар дунёи ҳунар, ки дар кишвари мо ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд.
Насли ҷавони кишвар аз ин иқдоми Пешвои миллат сипосгузоранд, зеро Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ имконоти воқеӣ дорад ва мо метавонем ҳунарҳои миллиро рушди тоза бахшида, ҳазорҳо нафар ҳамватанонро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин созем ва тавассути дастранҷи бонувони ҳунарманд миллатро дар дунё муаррифгар бошем. Тарроҳону ҳунармандони кишварро мебояд ҳарчи бештар либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мухталифу эътирофгардидаро ба аҳли ҷомеа пешниҳод намоянд то занону духтарон ва ҷавонони мо ба бегонпарастӣ роҳ надода, либосҳои милии худро ба бар кунанд ва миллатро ба ҷаҳониён маҳз бо либосҳои миллӣ шиносонанд.
Мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур ин эҳёи корҳои хонагӣ ва бо ин васила паст кардани шиддати бекориву камбизоатӣ, рушди иқтисодиёти ҷомеа мебошад.
Дар ҳамоиш маҳсули дастони сокинони маҳалла, чакандӯзӣ, атласдӯзӣ, сохтани асбобоҳои рӯзгор, ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона, нақши мусаввараҳо, гулдӯзӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Масъулин ба ҳунари волои ҳунармандон баҳои сазовор дода, ғолибон бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав сарфароз гардонида шуданд.