БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ПАЁМ – РАҲНАМОИ РУШДИ УСТУВОР ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои он дар ҳаёти ҷомеа, дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши фаъолони вилояти Хатлон таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Паёми созанда ва кафили таъмини рушди босуботи кишвар» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҳизб, омӯзгорону донишҷӯён, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, зимни баромади хеш иброз дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршор аз таҳлили амиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, он нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои муосири ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо намудааст. Ба таъкиди ӯ, суботу оромии ҷомеа, рушди босуръати иқтисод, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавию байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳимме мебошанд, ки дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат бо далелҳои мушаххас инъикос ёфтаанд.

Зикр гардид, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат боиси он шуд, ки Тоҷикистон дар баробари таҳдиду чолишҳои ҷаҳонӣ роҳи рушди мустақилона ва устуворро интихоб намояд ва имрӯз ҳамчун давлати ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ шинохта шавад.

Сипас, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Паёми Сарвари давлат барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва хештаншинос ҳамчун дастурамал ва раҳнамои фардо хизмат мекунад. Ба гуфтаи ӯ, нуқтаҳои калидии Паём аз сиёсати созандаи давлат сарчашма гирифта, татбиқи онҳо рушди устувори кишварро таъмин менамояд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят махсусан ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро далели равшани ғамхории Пешвои миллат нисбат ба ояндаи давлату миллат арзёбӣ кард.

Зикр гардид, ки ин ташаббус на танҳо ҷиҳати ободонии шаҳру деҳот ва беҳтар гардидани инфрасохтори иҷтимоӣ равона шудааст, балки дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандон нақши муҳим мебозад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар ҷомеа, дар самти тарғиби ғояҳои Паём, ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию созандагӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, хусусан миёни ҷавонон, фаъолияти густурдаро ба роҳ мондааст.

Дар идомаи ҳамоиш, Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва дигар баромадкунандагон низ доир моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, онро ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз барои рушди минбаъдаи кишвар арзёбӣ карданд.

Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ,

“Ҳамрози халқ”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg