БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЛИВОИ МОСТ ЛИВОИ ХАЛҚ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар доираи баргузории силсила-чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар аксияи навбатии ҳизбӣ таҳти унвони «Ливои мост ливои халқ» доир гардид.

Ин ташаббуси муҳим бо иштироки фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷавонони ташаббускор, омӯзгорон, намояндагони мақомоти давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои иҷтимоӣ ва аъзову ҷонибдорони ҳизб баргузор карда шуд.

Дар ҷараёни аксия иштирокчиён бо парчамҳои баландбардошта ва шиору овезаҳои дорои муҳтавои ватандӯстона қадру манзалати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам пуррангтар таҷассум намуданд. Зимни баромадҳо масъулон таъкид карданд, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдат ва ҳувияти давлатӣ дар худ таърихи пурғановати давлатдории тоҷиконро инъикос менамояд. Ин рамзи муқаддас имрӯз барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихор, ифтихори миллӣ ва такягоҳи маънавӣ дар роҳи созандагиву пешрафт маҳсуб меёбад.

Қайд гардид, ки аксияи «Ливои мост ливои халқ» танҳо як чорабинии рамзӣ нест, балки иқдоми муҳим дар самти бедории маънавии ҷомеа, таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ мебошад. Иштироки фаъоли насли ҷавон исбот намуд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ дар қалби онҳо ҷойгоҳи устувор дошта, ин рамз ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ин ташаббус саҳми назарраси ҲХДТ дар тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдат ва муаррифии мақому манзалати рамзҳои давлатӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи аксия беш аз ду ҳазор нусха варақаҳои иттилоотӣ миёни иштирокчиён ва сокинон тақсим карда шуда, дар онҳо маълумоти мухтасар оид ба таъриху моҳият ва арзиши Парчами давлатӣ ҷой дода шудааст.

Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ,

“Ҳамрози халқ”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg