
Таҷлил намудани Рӯзи Президент аз падидаҳои омӯзандаи ҷомеа ва мамолики мутамаддин маҳсуб меёбад, ки инчунин як санаи сиёсиро бо мақсади арҷ гузоштан ба моҳияти таърихиву сиёсии шакли идоракунии президентӣ ва хизматҳои арзандаи фарзонафарзандони кишвари соҳибистиқлоли хеш, бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол менамоянд.
Аз таърихи таҷлили ин санаи барои халқу миллатҳои гуногуни олам таърихсоз, бармеояд, ки онҳо Рӯзи Президентро бо шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Аз ҷумла, дар ИМА бо мақсади дарки ҷомеа бобати мавқеъ ва нақши муҳими Президент дар рушди ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, шурӯъ аз солҳои 1970 дар асоси тағйирот ба Қонун ҳамасола рӯзи душанбеи сеюми моҳи феврал Рӯзи Президенти Амрико пазируфта шудааст. Ҳамчунин, дар зиёд давлатҳои соҳибистиқлоле, ки бо интихоби шакли идоракунии президентӣ ба пешрафту дастовардҳои дилхоҳ ноил гардидаанд, Рӯзи Президентро ба хотири фаъолияти созгори ин ниҳоди дар асоси арзишҳои демократӣ арзи ҳастӣ дошта ва нақшгузор дар ҳифзи муқададдасоти давлатдорӣ ва таъмини суботу рушду тараққиёти ҷомеа, таҷлил менамоянд.
Дар кишвари азизи мо бошад, аз соли 2016 инҷониб, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз ҷониби Парлумони мамлакат, санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки ин сана дар таърихи давлатдории мо ҷанбаҳои сиёсиву таърихии худро дорад. Чуноне, ки насли худшиноси солҳои 1992 ба хубӣ дар хотир доранд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани соҳибистиқлолии давлатӣ, ба гирдоби ҳодисаҳои шаҳрвандӣ афтода буду халқу сарзамини муқаддаси моро хатари парокандагӣ таҳдид мекард. Дар ҳамон марҳилаи ниҳоят ҳассосу ногувори сиёсӣ, ки пешбурди идораи давлатдорӣ он сӯ истад, мардум аз фардои зинда мондани худ умеду боварӣ надоштанд, санаи 16 уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ба бахту саодати халқи тоҷик ва мардумони гуногунмиллати кишварамон, вакилони мардумӣ шахсияти арзанда - фарзанди фарзонаи миллатро, ки аз миёни мардумони оддӣ ба арсаи сиёсат воридшуда буд, ба мансаби Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Сарвари тозаинтихоб аз нахустин лаҳзаи суханрониашон аз минбари Иҷлосияи таърихӣ бо Паёми сулҳофарӣ ба мардум муроҷиат намуда, ҷонибҳои даргирро ба мусолиҳа даъват намуданд. Таҳлили воқеъбинонаи вазъияти ногувори он замон, дарки оқибатҳои идома ёфтани фоҷеаи миллӣ ва ояндабиниҳои хирадмандонаи Сарвари ҷавонро ба андеша водор намуд, ки ба хотири пойдории давлату Истиқлоли кишвар, ҳифзи муқаддасоти миллати хеш ва дубора ба Ватан баргардонидани ҳамдиёронашон ҳама ҳастии худро фидо намояд. Дарвоқеъ, он суханони ҷонбахши аз минбари Иҷлосияи тақдирсоз ироанамудаи Роҳбари давлати мо ҳар фарди худогоҳи Тоҷикистонро ба андеша водор менамуд, ки бо сабру таҳаммул ва гузашту бардошти ибратомӯз, дар бартараф намудани мушкилиҳои иҷтимоӣ иттиҳоду сарҷамъ буда, баҳри ояндаи миллату давлату худ содиқона заҳмат намоянд.
Ҳамин сон, бо оғози фаъолияти ҳокимияти қонунӣ ва саъю талошҳои сулҷӯёнаи Роҳбари давлат вазъият дар минтақаҳои даргир ба эътидол дароварда шуд. Ин буд, ки бо такя ба мароми сулпарварӣ ва боварии бузург ба неруи бузурги халқи хеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ташкилу баргузории раъйпурсии умумихалқиро ба миён гузошт ва санаи 6-уми ноябри соли 1994 тоҷикистониён нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул карданд. Ҳамчунин, дар ин раъйпурсӣ мардум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намуданд ва санаи 16- уми ноябри ҳамон сол Президенти интихобнамудаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуд.
Гузашти солҳои минбаъд, тамоми дастоварду комёбиҳои ҳокимияти давлатӣ шуруъ аз раванди сулҳи тоҷикон ва баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба зодгоҳи аҷдодиашон, то марҳилаҳои ободониву созандагиҳо, рушди муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, барқарорсозии иқтисодиёти фалаҷгардида ва таҳкими сохторҳои мудофиаи кишвар ва дигар ниҳоду мақомоти давлатӣ аз фаъолияти пурсамару саъю талошҳои ватандӯстонаи Сарвари ҷавони Тоҷикистон маншаъ мегирифт, ки барои ояндаи миллату пойдории давлати соҳибистиқлоламон ҷони худро дареғ намедошт. Аз ин лиҳоз, бо ифтихору сарфарозӣ истиқбол гирифтани санаи фархундаи Рӯзи Президенти Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба хотири он аст, ки маҳз аз ҷониби мардум интихоб гардидани фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ба ин мансаб, минбаъд ба фаъолияти идоракунии президентии давлати соҳибистиқлол руҳу неруи тоза ва ҳам шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.
Бо шарофати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо ба як ниҳоди меҳварии сарҷамъсозии халқ ва роҳнамои он дар масири миллату давлатсозӣ гардид. Мурури солҳо дар партави сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҷрибаи давлатсозӣ ба унвони Мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат рушду ташаккул ёфт, ки дар он ҳазорон нафар кадрҳои лаёқатманд дар арсаҳои роҳбарӣ тарбия намуда истодааст.
Бинобар ин, дар лаҳзаи шарҳу тавзеҳи моҳияти таҷлил намудани Рӯзи Президенти Тоҷикистон пеши назари мо симои шахсияти таърихсозу тақдирсози миллату давлати тоҷикон таҷассум меёбад, ки миллати моро ба ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон расонидааст, ки соҳиби давлати соҳибистиқлол буданро аз насл ба насл орзу доштанд. Азму мароми устувораш дар масири бунёдгузории давлати тозаистиқлол буд, ки халқи худро аз гирдоби ҳодисаҳои шаҳрвандӣ ва бехонагиву беватанӣ наҷот бахшида, ба сарзамини дар ҳоли парокандагӣ сулҳу ваҳдат оварда, бо сарҷамъ намудани мардум Тоҷикистонро ба кишвари ободу зебо ва давлати рӯ ба рушд табдил дода истодааст. Меъмори ваҳдати миллӣ рукнҳои давлатдориро аз сифр оғоз намуда, низоми муосири идоракуниро дар тамоми самтҳои давлатдорӣ барқарор карда, мақому нуфузи кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ боло бардошт. Маҳз талошу ҷонфидоиҳои бемисл ва ҷасорату шуҷоати ватандӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки суботу ҳамгироии миллӣ барқарор гашта, имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои осоиштагӣ ва ваҳдату якдилӣ кору зиндагӣ дошта, бо нишони ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар рушду тараққиёт ва ободиву сарсабзии Ватани азизамон саҳми худро гузошта истодаанд.
Маврид ба ёдоварист, ки маҳз бо шарофати интихоби шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ, ки дар Конститутсияи кишварамон дарҷ гардидааст, Тоҷикистон ҳамчун давлат ҳифз гардида, Истиқлолияти давлатӣ пойдор ва мардуми ҳомии сулҳу ваҳдати хеш атрофи Пешвои муазазми миллат сарҷамъ гардида, баҳри рушду нумуи Тоҷикистони азизамон саъю кӯшиш доранд. Ба ин хотир, бо таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон насли имрӯзу ояндаи меҳан нақши муассири Президенти маҳбуби кишварамонро дар бунёди давлати соҳибистиқлол ва рушду инкишофи ояндаи он дарк хоҳанд намуд. Яъне, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як санаи оддӣ нест, балки ҷашни бузурги миллати тамаддунофарест, ки аз тантанаи волоияти қонун, рӯзи сипосгузорӣ ва аз эътимоду маҳбубияти хосаи худ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор доранд.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

















