БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН – ИФТИХОРИ ҲИЗБИЁН

Халқи тоҷик ҳамчун миллати сарбаланд бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби муқаддасоти миллӣ – Нишон, Парчам, Конститутсия ва Сурудии миллии худ гардид. Имрӯз 34 сол аст, ки халқи тоҷик соҳиби давлати мустақил ва кишвари обод мебошад. Дар таърихи ин халқи бузург бисёр санаҳои муҳим арзи вуҷуд намудаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар яки мост. Таҷлилу ҷашнгирии иду маросим ва гиромидошти санаҳои бузурги таърихӣ, арҷгузорӣ ба корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як фарди бонангу номуси миллат аст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар қатори дигар иду маросим ва санаҳои муҳимми таърихӣ, 16-уми ноябри соли 2016 дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯзи ид бо унвони Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардид, ки имрӯз мо даҳ сол аст онро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишварамон ба мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Бо ташаббус ва кӯшишҳои зиёди Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин ҳама мушкилот оҳиста-оҳиста паси сар шуда, рукнҳову пояҳои давлатдориамон рӯз то рӯз мустаҳкаму устувор гардида истодаанд.

Ҳамагон дар ёд доранд, ки пас аз баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷикони ба Афғонистон фироришуда муроҷиат намуда, гуфта буданд: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як порча ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем». Пас аз чунин муроҷиат кардани Сарвари давлат як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷойҳои муқимии пештараи худ баргаштанд ва хонаҳои харобгаштаи худро аз нав обод намуданд.

Имрӯз ҷумҳуриамонро ҳамчун давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва ягона сокинони рӯи олам хуб мешиносанд ва ба ташаббусҳои дар миқёси байналмилалӣ бамиёнгузоштаи Роҳбари давлатамон арҷгузорӣ низ менамоянд. Дар ин самт тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, хосса ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ неруи тоза касб намудааст, ки ин ҳама пешравию муваффақиятҳо бо ташаббус ва иқдомҳои пешгирифтаи Роҳбари давлатамон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтаанд.

Имрӯз мардуми кишварамон аз он шоданд, ки бо ҳиммату дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳуриамон дар баробари иду рӯзҳои касбу кори гуногун, инчунин идҳои Сада, Меҳргон, Наврӯз, рӯзҳои Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, китоб, омӯзгор, модар, Фалак, Шашмақом ва ғайра низ ба саҳфиаи қонунгузории кишвар ворид гардидаанд.

Ташаббусу таклифҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо боиси ифтихори мо тоҷикон, балки қобили дастгирии сокинони дигар мамлакатҳои ҷаҳон низ гардидааст.

Дар сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат инсон ҳамчун гавҳари офариниш қарор дорад ва арзиши олиро низ сазовор мебошад. Ба таҷлили чеҳраҳои таърихиву фарҳангӣ ва арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳ намудани Президенти мамлакатамон аз баргузории ҳамоишҳои бузурги илмиву фарҳангӣ дар кишвар шаҳодат медиҳанд. Бо ташаббус ва таклифҳои бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ дар мамлакатамон ҷашнҳои бузурге, аз қабили Ҳазораи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, 675-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, 700-солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси «Авасто», 2500-солагии шаҳри бостонии Истравшан, 1000-солагии Ҳаким Носири Хусрав, 1025-солагии Абуалӣ ибни Сино, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 3000-солагии Ҳисори шодмон баргузор гардиданд, ки дар худшиносиву худогоҳии миллат нақши бориз доштанд.

Ҳамчунин таҷлил ва муаррифӣ намудани шахсиятҳои бузурги миллат ба оламиён, эҳё ва гиромидошти арзишҳои миллӣ аз ҷониби Сарвари давлат корест басо бузург ва таърихӣ. Тавассути баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ дар қатори шаҳрвандони ҷумҳурӣ, инчунин оламиён низ аз қадимӣ будани халқи фарҳангпарвари тоҷик бохабар мегарданд.

Ёдовар бояд шуд, ки зимни баргузории чунин ҷашнҳо, дар ҷумҳуриамон чӣ қадар ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ низ гузаронида шуданд. Ҳамчунин ба ин муносибат китобҳои зиёди зиёиёну муҳаққиқон бо дастгирии Президенти мамлакат ба нашр расиданд, ки ин ҳама дар баланд гаридани худшиносиву худогоҳӣ ва маънавияти хонанда нақши бузург мебозанд.

Таклифу пешниҳодҳои бунёдкоронаи Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмонро Созмони Милали Муттаҳид борҳо пазируфтаву дар асоси онҳо қатъномаҳои дахлдор низ қабул намудааст. Бо ташаббусу таклифҳои созандаи Президенти мамлакат ин Созмони байналмилалӣ дар самти об ва истифодаи оқилонаи он чунин қатъномаҳо қабул намудааст:

1-уми октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Муҷтамаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза; Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015); Даҳсолаи рушди устувор, солҳои 2018 – 2028:

Ҳамчунин 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ дар асоси таклифи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул намуд, ки дар миёни 194 кишвари олам ин мояи ифтихори мо – тоҷикон мебошад.

Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ дар баробари ба халқу ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳисобот додан, инчунин баҳри беҳбудии зиндагии мардум ва ободии Ватан имтиёзҳову башоратҳои сурурангез низ медиҳанд, ки мардум аз шунидани онҳо руҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри гулгулшукофии Ватан талошу кӯшишҳои дучанд мекунад.

Солҳои охир бо ташаббуси Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои арзишманде ба мисли «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба мардуми кишвар ройгон тақдим гардид ва бо боварӣ метавон гуфт, ки чунин иқдомҳо дар оянда низ идома хоҳанд кард.

Чунин ташаббускорию дигар фидокориҳоро ба назар гирифта Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба меҳнатҳои шоёни Роҳбари давлат 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории малакат дохил намуд ва месазад, ки ҳар як сокини кишвар, аз ҷумла ҳизбиёни мамлакат аз он ифтихор намоянд.

Талошҳои пайгирона ва ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки сатҳи камбизоатӣ сол то сол дар ҷумҳуриамон паст шуда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 194 давлати мустақил арзи ҳастӣ дорад, ки дар пешрафту гулгулшукуфоии он саҳми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ хеле бузург аст.

Мо, ҳизбиёни вилояти Хатлон аз он меболем, ки Президенти мамлакат дар баробари Роҳбари давлат буданашон, инчунин Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ мебошанд. Бинобар аз фурсати муносиб истифода карда, ҳамаи сокинони вилоятро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар иҷрои корҳои шахсӣ ва вазифаҳои пурмаъулияти ҳизбияшон комёбиву муваффақиятҳои тоза ба тозаро таманно дорам.

Шукрона Маҳмадализода,

муовини раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg