БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ҲАМОИШИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ ЗЕРИ УНВОНИ «ПЕШВОИ МО - ИФТИХОРИ МО»

Таҳти ҳамин унвон дар ноҳияи Вахш бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, Қурбоналӣ Юсупов, раиси ноҳияи Вахш ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар минтақаи Бохтар иштирок намуданд.

Нахуст, ҳайати меҳмонон дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ аз намоиши хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои дастии қадимии миллати тоҷик дидан намуда, ба ҳунару маҳорати занону бонувони ноҳияи Вахш баҳои баланд доданд.

Сипас, дар Маҷмааи фарҳангии «Офтобак» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ зери унвони «Пешвои мо - ифтихори мо!» бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Қурбоналӣ Юсупов, раиси ноҳия қудуми мубораки меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуд.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда, зимни суханронии хеш қайд кард, ки таърих гувоҳ аст, ҳар халқ миллат бо фарзандони содиқу вафодор ва фарзонаи худ ифтихор намуда, корнамоию кордонӣ, матонату мардонагӣ ва хизматҳои шоёни онҳоро дар қалбҳои мардум мунаққаш ва дар сафҳаи таърих бо хатҳои заррин менигорат. Модари тоҷик дар ҳар ҳазорсола барои миллат абармардони баруманд, сарварони оқил, қаҳрамонон, олимон, шоирон ва умуман нафаронеро ба дунё меоранд, ки миллатро ба суи нур ва сарбаландӣ ҳидоят намуда, аз вартаи нобудӣ наҷот мебахшанд. Роҳбари хирадманди мо аз чунин фарзандоне мебошад, ки қаҳрамонона ба халқу Ватани азиз содиқона хизмат кардааст.

Раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова, зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марди дурандешу оқиле мебошанд, ки аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон ҳамеша дар фикри ояндаи дурахшони миллату давлат буданд ва ҳастанд. Мақоми зан дар ҷомеаро баланд бардоштанд, забони давлатиро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд. Ин абармарди сиёсат ҳамеша пайи ободию созандагӣ ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанд. Мо, бо ин Сарвари оқилу доно ифтихор мекунем.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хурду бузруги ин сарзамин басо рӯзи фараҳбахшу ифтихорӣ аст, зеро барои расидан ба соҳибистиқлолии миллати тоҷик, пеш аз ҳама заҳматҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз, миллатро аз парокандагӣ наҷот доданд, ироа кард, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон.

Инчунин, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, зимни баромади хеш ҳайати меҳмононро ба сарзамини вилояти Хатлон ва ба Рӯзи мубораки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Аз ҷумла зикр кард, ки Сарвари давлат аз нахустин лаҳзаи суханрониашон аз минбари Иҷлосияи таърихӣ бо Паёми сулҳофарӣ ба мардум муроҷиат намуда, ҷонибҳои даргирро ба мусолиҳа даъват намуданд. Таҳлили воқеъбинонаи вазъияти ногувори он замон, дарки оқибатҳои идома ёфтани фоҷеаи миллӣ ва ояндабиниҳои хирадмандонаи Сарвари ҷавонро ба андеша водор намуд, ки ба хотири пойдории давлату Истиқлоли кишвар, ҳифзи муқаддасоти миллати хеш ва дубора ба Ватан баргардонидани ҳамдиёронашон ҳама ҳастии худро фидо намояд.

Бояд қайд кард, ки баъд аз суханронии меҳмонон раиси ноҳияи Вахш доир ба хизматҳои шоёни Роҳбари давлат низ суханронӣ намуд. Чун анъана ба фаъолоне, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми муносиб гузоштаанд, сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ тақдим карда шуданд.

Ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ бо барномаи фарҳангии пешниҳодкардаи фарҳангчиёни ноҳия ба анҷом расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg