ЁВОН. Чанде қабл дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Қирғочаки ҷамоати деҳоти Обшорон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ фаъолони деҳа, имомҳои масҷиди панҷвақта, падару модарон иштироки фаъолона намуданд.
Инчунин, дар вохӯрӣ бо даъвати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мудири тиббӣ-машваратии ҷавонони беморхонаи марказии ноҳия Иззатуллоева Сайёра ва директори Маркази пешгирӣ алайҳи бемории ВИЧ/СПИД Алифов Ҷаҳонбек иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Расулов Маҳмадрасул дар партави Паёми Пешвои миллат ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар махсусан сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба қадри падару модар, истифодаи маблағи ҳаҷи такрориро барои корҳои хайру сахо ва мусоидат намудан барои шароити арзандаи таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии паҳншавии бемории ВНМО/СПИД, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия ва ғайра андешаронӣ намуданд.
Аз ҷониби директори маркази пешгирӣ алайҳи бемории ВИЧ/СПИД Алифов Ҷаҳонбек қайд карда шуд, ки шумораи гирифторони ин вабои аср дар ноҳияи Ёвон ба 150 нафар расидааст. Ин шумора ҳамон шахсоне ҳастанд, ки ба маркази ноҳиявии СПИД омада, аз ташхис гузаштаанд, боварӣ дорем, ки ин шумора дар ноҳия зиёд аст. Аз ин рӯ мо падару модаронро мебояд ба рафтору ахлоқи фарзандонамон аҳамияти ҷиддӣ деҳем.
Аз ин рӯ хоҳиш менамоем, ки фарзандонатон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ меоянд, ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронем.