БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН— ТАШВИҚГАРИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ЗЕРИ ШИОРИ “ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО”

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо мақсади тарғибу ташвиқи захираҳои бойи кишвар ва рушди саёҳаии дохилӣ, кормандони ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб ба шаҳри Норак сафар намуданд. Ин иқдом дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Дар доираи ин сафар фаъолони Ҳизб аз маконҳои таърихӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Норак, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Норак дидан намуданд.

Ин ташаббус бо мақсади боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва шинохти захираҳои табииву фарҳангии кишвар амалӣ гардида, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, чунин саёҳати дохилиро таҳти шиори “Ҷаҳонгардиро аз Ватангардӣ оғоз намо!”дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома диҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg