БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ – ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТИ ДАВЛАТ

Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Таҳкими арзишҳои конститутсионӣ ва таъмини волоияти Конститутсия- заминаи рушди босуботи давлат» баргузор гардид. Чорабинӣ ба ифтихори 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти ҳизбӣ ва аҳли омӯзгорону донишҷӯён сурат гирифт.

Бо садо додани Суруди миллӣ кори конференсия ҳусни оғоз ёфт.

Дар Конференсияи мазкур Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Саидзода Зафар, сардори ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён, Исозода Диловаршоҳ, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, Шодизода Тавакал, ёрдамчии калони прокурори ноҳия, устодон ва донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд.

Нахуст, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои донишҷӯёну омӯзгорони донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳия дидан намуданд.

Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми сарбаланди тоҷикро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсозу асосӣ 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон рӯйдоди таърихӣ ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ бо иродаи қавӣ ва сиёсатҳои созанда тавонистанд пояҳои давлати ҳуқуқбунёду демократии Тоҷикистонро гузоранд.

Саидзода Ҷамшед Ҳамро таъкид намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар меҳвари сиёсати давлат қарор дода, заминаи пешрафти соҳаҳои муҳими ҳаёт - иқтисод, илм, маориф, фарҳанг ва иҷтимоиро фароҳам овардааст.

Дар идома Саидзода Зафар, сардори ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён, қайд намуд, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Конститутсия на танҳо ҷашни ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдати миллӣ ва худшиносии давлатдорӣ мебошад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лаҳзаи тақдирсозест, ки миллати тоҷик тавонист бо дасти худ сарнавишти давлату миллаташро муайян созад. Маҳз дар ҳамин санади олии ҳуқуқӣ соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба таври равшан инъикос ёфтааст.

Шодизода Тавакал, ёрдамчии калони Прокурори ноҳияи Кӯшониён, зимни суханронӣ зикр намуд, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат на танҳо сохтори сиёсиву ҳуқуқӣ, балки рушди ҷомеаи демократиро муайян мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ буда, тоҷиконро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Конститутсия ҳадафи олии давлат ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро таъмин намуда, меъёрҳои ҳамзистии осоишта ва эҳтироми қонунро дар ҷомеа мустаҳкам намудааст.

Сипас, Исозода Диловаршоҳ, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, таъкид дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳуҷҷати воқеан мардумӣ ва ваҳдатофарин аст. Он манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеаро фаро гирифта, баробарҳуқуқии шаҳрвандон, ҳифзи забон, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ, инчунин риояи меъёрҳои ҳуқуқи инсонро таъмин менамояд.

Ҳамзамон, Ализода Аҳмадҷон, раиси Шурои собиқадрони ҲХДТ дар вилояти Хатлон иброз дошт, ки Конститутсия санади муқаддас ва роҳнамоест, ки пояҳои ҳаёти демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волоияти қонунро таъмин менамояд. Он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, самтҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву ҳуқуқии кишварро муайян месозад. Конститутсия моро ба ваҳдат, субот ва ҳамзистии осоишта раҳнамун месозад. Ватани азизи мо — Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи кишварҳои дорои Конститутсияи устувор ва ҳокимияти конститутсионии пойдор ба шумор меравад. Ин санади сарнавиштсоз кафолати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пойдории давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Конститутсия ҳамчун рамзи иродаи халқ ва таҷассуми арзишҳои миллӣ, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи тоҷикро муайян месозад.

Дар ҷараёни конференсия дигар устодону намояндагони сохторҳои давлатӣ низ оид ба аҳамият ва арзиши Конститутсия ибрози андеша карданд. Таъкид гардид, ки риоя ва татбиқи муқаррароти Конститутсия барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар аҳамияти калидӣ дорад.

Ҳамин тавр бо садо додани Суруди миллӣ қисмати тантанавии Конференсияи ҳусни анҷом дода шуд.

Дар фарҷом, барои саҳми назаррас гузоштан дар фаъолияти ҳизбӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ба як қатор фаъолон ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тақдим гардид.

Конференсия бо барномаи рангини консертӣ, ки аз сурудҳои ватандӯстона иборат буд, ба анҷом расид.

Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ,

“Ҳамрози халқ”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg