
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста таъкид менамоянд: “Ҳеҷ як фарди ҷомеа набояд худро танҳо эҳсос намояд” ва бо мақсади дастгирӣ аз сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бештар ба қишри ниёзманди ҷомеа, маъюбону ятимон ва эҳтиёҷмандон равона гардидааст.
Дар ин замина дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён узви Раёсати Куми
таи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия моҳи августи соли ҷорӣ ташриф оварда, аз вазъи зиндагии маъюби гурӯҳи якум Наботов Аҳлиддин дидан намуд.
Зимни суҳбат бо аҳли хонавода раиси вилоят аз вазъи зиндагии ин оила шинос гардида, ба онҳо кумаки моддии яквақтаина расонид. Дар ҷараёни суҳбат Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иқдом гирифт, ки аз ин ба баъд, Наботов Аҳлиддин ҳар моҳ аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бо нафақаи ҳизбӣ ба маблағи 500 сомонӣ таъмин карда мешавад.
7-уми октябр дар доираи ин ташаббус бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Наботов Аҳлиддин, маъюби гурӯҳи якум аз деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён амалӣ карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин чорабинӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Каримзода Ширинбек, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён иштирок намуда, бо сокини деҳа Наботов Аҳлиддин, ки дорои маъюбияти гурӯҳи якум мебошад, мулоқоти самимӣ анҷом дод.
Зимни аёдат аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба Наботов Аҳлиддин нафақаи ҳизбӣ ду моҳа ба маблағи 1000 сомонӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб маводи ғизоии яквақтаина, аз қабили орд, гӯшт, равған, картошка, пиёз, қанд ва ғайра кумак расонида шуд.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро зимни суҳбат изҳор дошт, ки дастгирии шахсони дорои эҳтиёҷоти махсус ва камбизоат танҳо як амал нест, балки сиёсати доимӣ ва аз асли давлатдории иҷтимоии мо сарчашма мегирад. Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайваста дар пайи он аст, ки ҳар як узви ҷомеа эҳсоси амният, ғамхорӣ ва дастгирии давлатро дошта бошад. Маъюбону ниёзмандон қишри ҷудонопазири ҷомеа буда, давлату Ҳукумат онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Дар навбати худ, аҳли ин хонадон бо изҳори миннатдорӣ аз чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ қайд карданд, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паҳлуи мардум қарор доранд. Мо, аз ин таваҷҷуҳи инсонпарварона рӯҳу илҳом гирифта, боварӣ дорем, ки ин ғамхориҳо нишондиҳандаи сиёсати халқпарваронаи давлат мебошанд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни аёдат зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки: “Ҳар қадаре, ки давлат қавию поянда бошад, ҳамон қадар шароити зиндагии қишрҳои осебпазири ҷомеа беҳтар мегардад. Дастгирии маъюбон, ятимон ва ниёзмандон рисолати инсониву ватандӯстии ҳар яки мост”.
Имрӯз, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи сиёсӣ ва иҷтимоии пурқувват, дастурҳои Пешвои миллатро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, дар тамоми қаламрави кишвар ба шахсони ниёзманд кумак мерасонад. Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии сохторҳои маҳаллӣ пайваста ба оилаҳои камбизоат, маъюбон, нафақахӯрон, ятимон ва дигар қишрҳои осебпазир ёрии моддию маънавӣ мерасонанд.
Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ,
“Ҳамрози халқ”

















