ДАНҒАРА. Бо мақсади ҷонибдорӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили глобалии об Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мизи мудавварро дар мавзӯъи “Ҷавонон-ҷонибдори ташаббусҳои глобалии марбут ба масоили об” бо ҷалби ҷавонони фаъолу ташаббускор доир намуданд.
Дар миззи мудаввар доир ба мавзӯъҳои мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар минтақа ва ҷаҳон, захираҳои бузурги оби нӯшокии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пиряхҳо, нақши ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили глобалии об, ҷавонон ва нақши онҳо дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мубодилаи афкор сурат гирифт.