БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон сиёсати ободгароёнаи Пешвои миллатро дастгирӣ карданд

ВАХШ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар нимсолаи дуюми соли равон бо ташаббус ва иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ "Тоҷикистон-1"-и ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия вохӯрӣ доир карда шуд. Дар вохӯрии мазкур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ суҳбатҳои муфид анҷом дода шуд.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ Маҳмадов Одилҷон аз сокинони деҳа даъват ба амал овард, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ аз ҳидоятҳои неку ояндадори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои созандагию бунёдкорӣ таввасути таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва бунгоҳои тиббӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳамчунин дар ин вохӯри вакили Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Вахш Каримов Абдураҳим иштирок ва андешаронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg