ПАНҶ. Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарине мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Аз ҳамин хотир, бо иқдом ва ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Варзишгоҳ» мусобиқаи варзишии намуди гӯштини миллӣ ба кори худ оғоз кард.
Дар мусобиқаи мазкур наврасону ҷавонони синну соли аз 12 сола то 17 сола аъзо шуда, бо намудҳои гуногуни гӯштини миллӣ, ки яке аз намудҳои варзиши қадимаи мардуми тоҷик мебошад, машғул мешаванд.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии ташкили чунин маҳфилҳо фаро гирифтани ҷавонону наврасон ба роҳи тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳар гуна равияҳои ифротгаро ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани онҳо мебошад.