
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тавсеаи корҳои идеологӣ вохӯрии навбатии Абдуллозода Умеда - муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Неъматзода Фарзона - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва дигар меҳмонон бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзони ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ дар деҳаи Шобика баргузор гардид.
Дар мулоқот Абдуллозода Умеда - муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба мавзӯъҳои муҳими ҷомеа суханронӣ намуданд. Мавзӯъҳои асосии баррасишуда ба масъалаҳои пешгирии хурофотпарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, кишти та
крорӣ ва гирифтани ду-се ҳосил аз як замин, дур будан аз бегонапарастӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳо бахшида шуданд.
Зимни суханрониҳо доир ба баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, ватанпарастиву худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва муқаддасоти давлатӣ таъкид карданд. Ҳамзамон дар бораи татбиқи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ва роҳҳои татбиқи дурусти онҳо дар ҳаёти ҷомеа ибрози назар шуд.
Инчунин дар бораи муҳим будани таҳкими робита дар оила, эҳтироми мутақобила байни падару модар ва фарзандон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ибрози андеша шуд. Дар баробари ин, зикр гардид, ки ҷавонон бояд дар рӯҳияи худогоҳию созандагӣ тарбия ёбанд ва дар баробари таҳсил ба ҳаёти ҷамъиятӣ низ фаъолона ҷалб шаванд.
Дар интиҳо иштирокдорони вохӯрӣ миннатдории хешро ба Абдуллозода Умеда - муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон барои ташриф ва баргузории чунин як мулоқоти муфид расонида, иброз доштанд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш намуда, баҳри ободӣ, шукуфоӣ ва пешрафту тараққиёти кишвари азизамон Тоҷикистон сидқан талош хоҳанд кард.

















