
Ба ифтихори 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид, ки дар кори конференсия Наврӯз Ҳусейнзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раҳмон Саидзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Фаррух Шарифзода, муовини директори Коллеҷи тиббӣ ва масъулони Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияи мазкур бо Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас Наврӯз Ҳусейнзода ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони шарафманди кишварро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик наму
д. Ӯ таъкид кард, ки Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи санаҳои таърихиву тақдирсоз ба шумор рафта, бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон сабт гардидааст. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав, бо заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, ба марҳилаи нави зиндагии орому осоиштаи мардум оғоз бахшид. Ин падидаи нодиру пурарзиши сиёсиву ҷамъиятӣ на танҳо пояи асосии суботи сиёсии мамлакат, балки кафили пойдории истиқлолият ва рушду нумуи давлату миллат ба ҳисоб меравад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи таҳкими арзишҳои миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, субот ва рушд дар кишвар нақши муассир дорад.
Ҳамчунин Раҳмон Саидзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Фаррух Шарифзода, муовини директори Коллеҷи тиббӣ ва як қатор омӯзгорон оид ба санаи бузурги тақдирсози миллати тоҷик суханронӣ намуданд.
Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ, “Ҳамрози халқ”

















