
13 июн бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастури узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Озодии Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ вохӯриҳо бо сокинон бо усули “Хона ба хона” сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки дар суҳбату вохӯриҳо Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ҳамидзода Абдулҳафиз Ҳамид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва Гулов Зафар, раиси маҳалла иштирок намуданд.
Зимни суҳбат Саидзода Ҷамшед Ҳамро аз вазъи зиндагии хонаводаҳо ва тарзи истифодаи дурусту самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаи Озодӣ Насриддинов Абдуманон, Солиев Одилҷон ва Камолов Шамсиддин дидан намуда, бо аъзои оилаи онҳо суҳбатҳо анҷом дод.
Ёдовар мешавем, ки дар суҳбат, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара, нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак", эҳтироми арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, омодасозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ватандӯстиву худшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии маҳаллаву деҳа ибрози ақида карда, сокинонро барои дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ раҳнамоӣ намуд.
Дар идомаи корҳои таблиғотӣ бо усули “Хона ба хона”, Саидзода Ҷамшед Ҳамро аз хоҷагии деҳқонии “Файзобод” ва сокинони деҳаи Дӯстӣ Шарипов Ҷигиталӣ ва Давлатов Абдумалик дидан намуда, бо онҳо оид ба масъалаҳои болозикр суҳбат намуд.
Дар баробари ин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварда, бо кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вохӯрӣ анҷом дод. Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб қайд намуд, ки тартибу низоми ҳуҷҷатгузории дохилиҳизбӣ бояд мутобиқ ба талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монда шавад. Саидзода Ҷамшед Ҳамро ҳамзамон ба зарурати таҳкими нақши фаъолони ҳизб дар самти ободкориҳо, тақвияти корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бо усули “Хона ба хона”, “Деҳа ба деҳа” ва “Маҳалла ба маҳалла”, афзоиши ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҳисоби корхонаву коргоҳҳои навтаъсис, таҳкими ҳаракати аъзои ҳизб ва танзими ҳисоботи мунтазами фаъолияти ҳизбӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ташаккули фазои солими ҳизбӣ миёни кормандон дастурҳои мушаххас дод.
Адиба НОДИРОВА,
“Ҳамрози халқ”


















