БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ” ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Бо мақсади дастгирӣ аз пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки 25 майро Созмони Милали Муттаҳид “Рӯзи ҷаҳонии футбол” эълон намудааст, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён як қатор бозиҳои варзишӣ сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки 15 май соли 2025 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Қубодиён, фестивали калони футболбозон бо ҷалби беш аз 500 нафар кӯдакону наврасон дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси ноҳияи Қубодиён, Абдуллозода Ваҳобиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, Раҳимзода Меҳроҷ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси ноҳияи Қубодиён зимни ибрози андеша доир ба аҳаммияти варзиш ва рушди футбол, ки яке аз роҳҳои беҳтарини нигоҳ доштани саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин, муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад суханронӣ намуда, аҳли иштирокчиёни фестивалро бо ин санаи таърихӣ табрик гуфта зикр кард, ки ин иқдом як саҳме дар рушди футбол ва умуман варзиш хоҳад буд.

Сипас, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба сухан баромада қайд кард, ки аз қабули ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, ташаббуси мазкурро падидаи хубу хотирмон арзёбӣ намуд. Ҳамчунин қайд намуд, ки эълон гардидани 25 май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва таҷлили ҳамасолаи он дар сатҳи баланд аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти олии кишвар нисбат ба соҳаи варзиш шаҳодат медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва тибқи банди 5-и нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва мактаби санъати бачагона бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” озмун эълон гардида буд ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар анҷом аз ҷониби роҳбарият ба варзишгарони беҳтарин сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, диплому медалҳо ва туҳфаҳо, аз ҷумла тӯбҳои футбол ва волейбол тақдим гардиданд.

"Ҳамрози халқ"

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон