БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз хиёнати наҳзатиён хуб хабардоранд

НОРАК.  Чанде қабл тариқи расонаҳои итилоотии кишвар амалётҳои муғризонаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мамнуъи террористиву экстремистии ҲНИ намоиш дода шуд, ки сокинони маҳал онро пурра маҳкум карданд. Бо ин мақсад ва дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок ва пурсамар истифода бурдани ҳар як ваҷаб заминҳои корам ва инкишофи чорводорӣ, боғу токпарварӣ  бо сокинони деҳаи Пехо бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ мудирони шуъбаҳои таблиғот, иттилоот ва матбуот, занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак баромад намуда, қайд карданд, ки  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикиситонист.

Аз ин рӯ, моро  мебояд, ки  баҳри амали намудани дастуру супопришҳо кӯшиш намоем, то ки зиндагии худро аз ҳаррӯза дида хубтару беҳтар карда,  заминҳои  киштшавандаро самаранок истифода барем ва ҳамеша ҳушёру зирак ва нуктасанҷ бошем, ки бадхоҳони миллат моро гумроҳ накунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg