БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нашъамандиву нашъаҷаллобӣ-омилҳои хатарнок ба солимии миллат

КӮЛОБ. Вобаста ба расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дармонбахш” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан, дар ин мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дармонбахш” Ҷалолов Саид иштирок ва суханронӣ намуданд.

Валиева Саъбагул зимни суҳбат қайд дошт, ки дар баробари терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки яке аз омилҳои таҳдидкунанда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  мебошад ва оид ба омори ҷаҳонӣ ки нашъамандиро яке аз омилҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ арзёби кардааст маълумот дод. Ҳамчунин қайд кард, ки айни замон беш аз 12 млн. нашъаманд ба бемории гепатити С гирифторанд. Беш аз чоряки нашъамандон ба вируси норасоии масъуният (ВИЧ/СПИД) гирифторанд.

Дар баромад худ Ҷалолов Саид иброз кард, ки дар зарфи зиёда аз 20 соли охир дар ҷумҳурӣ беш 100 тонна маводи нашъадор, аз ҷумла: афюн, героин, гурӯҳи бангдона ва дигар намудҳои нашъадор мусодира шудааст.

Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ ин миқдор маводи мухаддир метавонист қариб 50 миллион нафарро ба бемории нашъамандӣ гирифтор намояд. Аз ин нуқтаи назар бар меояд, ки нашъамандиву нашъаҷаллобӣ яке аз омилҳои таҳдидкунанда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бехатарии давлатҳо ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg