Дар доираи Форуми байналмилалии ҷавонон “Байкал”, аъзои фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ҳайати Илҳомҷон Ҳамидов, Наврӯз Ҳусейнзода, Заррина Файзуллозода, Насимҷон Расулзода ва Фирдавс Саидов ба Федератсияи Россия сафар карда, дар чорабинии мазкур аз таҷрибаи пешқадами созмон ба иштирокчиён нақл мекунанд.
Ҳамзамон, дар доираи таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон ба ҷавонон, рушди ҳамкориҳои минтақавии ҳизбӣ, фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар вилоятҳои ҷумҳурӣ ва дигар мавзӯъҳо суҳбатҳо идома доранд. Иштироки намояндагони ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар доираи ҳамкориҳои ҳизбӣ ва Анҷумани халқҳои Россия сурат мегирад.
Ҳамин тавр, дирӯз дар доираи Форуми мазкур муовини якуми раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан" Илҳомҷон Ҳамидов дар бахши "Сиёсат" перомуни "Соли ҷавонон дар Тоҷикистон ва нақши ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон" маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
Тавре гуфта шуд, ТҶҶ "Созандагони Ватан" тули 7 соли фаъолияти худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҷавононро дар рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ тарбия намуда истодааст. Ба ин равиш ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар сатҳи байналмиллалӣ низ шинохта шуда, ҳамчун ниҳоди муҳимми кор бо ҷавонон аз тарафи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.