
ШАҲРИТУС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисиёбии худ ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии Барномаҳои ҳизбро сиёсати бунёдкоронаи он масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад.
Дар ҷомеаи имрӯза, дар кору пешбурди соҳаҳои иқтисоди миллӣ мавқеъи ҷавонон хеле муҳим ба назар мерасад. Инро танҳо тавассути тарбияи насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ амали намудан имконпазир аст. Ҷавононро мебояд уҳдадориҳои шаҳрвандии худро дониста, қонунҳои ҷумҳуриро риоя намояд ва маърифати ҳуқуқиашонро такмил диҳанд. Аз ин ру, моро мебояд ҷавононро ба иҷрои бошууронаи қонунҳо ва иштироки фаъолонаи онҳо ҷиҳати ҳифзи қонунҳои Ҷумҳурӣ тарбия намоем.
Боиси қайд аст, ки созмони ҷавонони ҳизб “Созандагони Ватан” дар тӯли фаъолияти худ тавонист дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, таҳкими дӯстию рафоқат миёни онҳо, тарғиби худшиносии миллӣ, огоҳ сохтани ҷавонон аз дастовардҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, зина ба зина расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонад.
Ҷавононро хуб тарбия карда ва ба роҳи дурусти зиндаги ҳидоят намудан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст, зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва давлати соҳибистиқлол мебошанд.
Кормандони Кумтаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандўстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан, тарғибу ташвиқи хизмат ва тарбияи ҳарби ватандустии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатии Тоҷикистон пайваста дар байни наврасону ҷавонон вохӯриву мулоқотҳо ва корҳои ташфиқотиву таблиғотӣ доир менамоянд.
Мирзоқулов Ҷ.,
мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.