
Восеъ: Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонони фаъолу ташаббускор ба сафи Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” дар Литсей касбии техникии ноҳияи Восеъ вохӯрии судманд доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, омӯзгорон ва гурӯҳи донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа, саҳми онҳо дар пешбурди корҳои созандагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ сухан ронда, аҳамияти фаъолона иштирок кардани донишҷӯёнро дар ҳаёти ҷамъиятӣ таъкид намуданд.