
Бо мақсади суръати тоза бахшидан дар самти бунёдгузории инфрасохтори фарҳангиву сайёҳӣ ва дар ин замина рушду пешрафти соҳаи сайёҳӣ санаи 2-юми январи соли 2019 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019-2021 ба тасвиб расида буд, ки дар доираи иҷроии ин санади муҳим дар кишварамон барномаву чорабиниҳои ҷадид рӯи кор омад. Ҳамзамон, дар ин давра ва солҳои минбаъд дар саросари кишварамон ҷиҳати рушди соҳаи саёҳӣ тадбирҳои муҳим андешида мешавад.
Самараи дастовардҳои назаррас дар ин самт буд, ки имрӯз дар шаҳру навоҳии дурдасти вилояти Хатлон низ даҳҳо иншооти муҳими сайёҳӣ бунёд гардида мавзеъҳои таърихиву тамошобоб ободу азнавсозӣ шуда истодааст. Ифтитоҳи Муассисаи давлатии "Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон" намунае аз шоҳкориҳои сохтмону меъмории кишвар дар ин ҷода арзёбӣ мегардад, ки санаи 11-уми сентябри соли ҷорӣ бо иштироки Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳаминак, ин маконии ҷолиби сайёҳӣ ва Қалъаи таърихиии Балҷувон ба яке аз мавзеҳои дӯстдоштаи сокинони кишварамон табдил ёфтааст.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки дар татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат, аз ҷумла, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми пешоҳангӣ дорад, дар самти ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба мавзеҳои сайёҳӣ иқдомҳои муҳимеро амалӣ намуда истодааст. Дар ин росто, рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба хотири баҳраварӣ аз мавзеҳои фарҳангиву сайёҳӣ ба Муассисаи давлатии "Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон" сафар намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Қалъаи Балҷувон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмиру азнавсозӣ гардидааст. Ин иншооти муҳими фарҳангӣ намунае аз ёдгориҳои беназири таърихт маҳсуб ёфта, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он дидан менамоянд. Дарвоқеъ ҳам, Қалъаи таърихии Балҷувон ва дигар мавзеҳоии бостониии вилояти Хатлон дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ насли даврони Истиқлоли кишварамон нақши муассир дошта, хусусан, ҷавонон ва дигар насли ояндаи Тоҷикистонро ба омӯзиши таърих ва арҷгузорӣ ба фарҳанги тамаддунофари халқи тоҷик ҳидоят менамояд.
Зимни тамошои "Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон" мо корман КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон бори дигар итминони комил ҳосил намудем, ки тамошои ин ва дигар мавзеҳои фарҳангиву сайёҳӣ, ки таҷассумгари таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик мебошад, сарзаминҳоии муқаддаси кишвари моро дар арсаи ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ хоҳад намуд.