БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳо ба лаънати халқ гирифтор гардида, аз даргоҳи поки Ватан ронда шуданд!

АНДЕША. Вақт ва таҷриба нишон додааст, ки дар ҳар давру замон як инсон ё як гурӯҳ  ба ҷомеа  бо чашми ҳасуд, кина, адоват  ва бахилӣ нигариста, пешравии дигар тарафро чашми дидан надорад. Дуруст мисли Қобилу Ҳобил ва Аҳриману Аҳуромаздо. 

Воқеаҳои рӯзҳои охир ва тӯҳматҳои наҳзатиҳои аз даргоҳи Ватан шармандавор рондашуда нишон медиҳанд, ки ин тоифаи бадбахт ба фазои сулҳу оромии Ватан халал ворид кардан мехоҳанд. Пахши наворҳои видеоӣ ва ташкили мусоҳибаҳо ва  гузоришҳои намояндагони онҳо, ки усулан якранг мебошанд, аз як барономаи таҳрезишудае беш нестанд. Бо ин амалашон чиро исбот кардан мехоҳанд, ба касе маълум нест. Онҳо, ки даст бар сина зада “Барои Ватан! Барои Тоҷикистон” доду фарёд мезананд, дар асл барои Ватан чӣ кор кардаанд? Барои беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ, сатҳи маърифатнокӣ чи талошҳо анҷом додаанд?  Ҳамаи он сафсатагӯиҳо дар сухан ба мардум чӣ даркор аст? Инро шояд худашон ҳам донанд, вале ин ҳақиқатро намехоҳанд пеши хоҷагони хориҷиашон фош созанд, вагарна аз нони хурдан мемонанд. Бузургии Тоҷикистон ҳам дар ҳамин аст, ки ҳатто душманонаш аз сӯистифодаи номи ӯ нон меёбанд.

Давлате, ки мо имрӯз дорем, озодие, ки мо имрӯз аз он бархурдорем ва имкониятҳои беназире, ки барои мо ҷавонон фароҳам оварда шудаанд, ҳафт пушти гузаштаамон инро надидааст. Ин ҳама аз шарофату дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Имрӯз ҳам Тоҷикистон ба туҳмату дасиса, ҳангомаҳо ва сангпартоиҳои хоинони ҷониби Ватан аз дасти ба ном фарзандони «бананг», вале дар асл ташкилкунандагони низоъу хунрезӣ ва беадолатиҳои солҳои гузашта гирифтор шудааст. Аз бобби Ватан  чунон ҳарф мезананд, ки гӯё ҳама инҷо мунтазири суханони бардуруғ ва иғвоангези онҳо бошад. Наход инсон ба хотири пул номуси хешро фурӯхта, ватани худро таҳқир кунад?!                                       

Ҳамватанони азизамон чеҳраи ин одамсурату аҳримансиратонро пас аз пахши филми мустанади «Решаҳои ноаён» тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионии кишвар бори дигар шинохтанд. Донистанд, ки сабабгори асосии майдонкашию куштори мардуми осоишта ва чеҳраҳои мондагори миллат киҳо ҳастанд. Акнун ин афроди хоину террорист берун аз Ватан умр ба сар бурда барои нооромии амнияти миллат кӯшишҳо доранд.

Инчунин дигар ҳаммаслаконаш худро ҳамарӯза дар сомонаву шабакаҳо бо суханҳои хоинона худро намоиш медиҳанд. Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон аз чеҳраи Кабирӣ ва ҳамаслаконаш безоранд.  Кабирӣ дар Аврупо ҳоло мисли сагони кӯча акос мезанаду атрофи худ дигар сакбачаҳоро ҷамъ овардааст. Оре ӯ бо ин се - чор сагону хоҷагони маблағгузори сагпарасташ ягон кореро нисбати Тоҷикистону мардуми шарифаш анҷом дода наметавонад, чунки  «Саг меҷакад, вале корвон  ба  роҳаш меравад». 

Мо имрӯз ба қадри ҳар як зарра хок ва хору хаси Тоҷикистон мерасем ва дӯсташ медорем чигунае, ки шоири марҳуми тоҷик шодравон Бозор Собир гуфтааст:

Тоҷикистон, Тоҷикистон,

Мекунам шукри каму бисёри ту,

Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту,

Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg