БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бонкдорон сиёсати созандаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунанд

Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии  навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонатбонк» маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид. Мақсад аз ташкили он шарҳу тавзеҳи  вохӯрии  Пешвои миллат бо фаъолони ҷомеаи кишвар бахшида ба фарорасии  моҳи шарифи Рамазон, иштирок дар семинар машварати  кишоварзони вилояти Хатлон, ки дар деҳаи Чорсадаи  ноҳияи Данғара  арзёби карда шуд. 

Дар вохӯрӣ масъулин атрофи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ карда, инчунин дар ин раванд эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андешаронӣ карданд.

Дар охир кормандони ташкилоти номбурда иброз доштанд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани  сиёсати  хирадмандонаи Роҳбари давлат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg