ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия» бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ҳамрозода Комил вохӯрӣ баргузор гардид. Нахуст, Ҳамрозода Комил атрофи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар, иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД, Гепотит, Сил ва риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуда, ба шахсони муттасадӣ оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ тавсияҳои судманд дод.