
Дар доираи тантанаҳои ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро бо Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар татбиқи сиёсати давлатӣ, ташаббусҳои ватандӯстонаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақши пешоҳангӣ дошта, пайваста дар арафаи ҷашнҳои фархундаи кишвар бо хизматчиёни қисми ҳарбии ҳудуди вилояти Хатлон суҳбату вохӯриҳо гузаронада чорабиниҳои тантанавӣ баргузор менамояд.
Қадрдонии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ҳамкориҳо ва саҳми ҳизбиён дар татбиқи ҳадафҳои Роҳбарияти олии кишвар дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон арзёбӣ мегардад.