
КӮЛОБ: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фалак” дар доираи иҷрои дастуру супоришои Раиси муаззами ҲХДТ ва талаботҳои Оинномаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии "Фалак", бо иштирорки аъзо ва фаъолони ҳизб маҷлис баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода зимни баромадаш қайд намуд, ки вусъат бахшидани фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, таърихи он, пешгирӣ аз хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ, пешгирӣ аз ифротишавӣ, ҷинояткорӣ байни ҷавонону наврасон, пешгирӣ аз омилҳои коруппсионӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, насби парчами давлатӣ дар ҳар як хонавода бо ҷалби сокинон, инчунин ба созандагиву бунёдкорӣ, сафарбар намудани сокинони шаҳру деҳот, мавриди баррасӣ қарор дод.
Инчунин, арбоби давлати узви Раёсат, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозорзода Сафаралӣ қайд намуданд, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо дар остонаи он қарор дорем тозаю зебо гардонидани ҳудуди бинои мазкур мо кушиш карда, дар якҷоягӣ бо аъзоёни ҳизб саҳми хешро дар гулгулшукуфоии шаҳри худ гузорем. Илова бар ин, мавсуф аз таъриху дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, ба онҳо ба таври муфассал шарҳ доданд.
Ҳамчунин, бар ин аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоинов Ҳасан ба кормандони ташкилоти ибтидои ҳизбии “Фалак” таъкид доштанд, ки шукрона аз фазои амну осудаи кишвар дар таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии зиёдаравӣ дар тую маросимҳо, ҳидояти фарзандон ба хизмати ҳарбӣ, риояи либоспӯшии миллӣ, саҳмгузорӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ҳамчун шаҳрвандони намунаи ибрат, фаъол бошанд.
Дар охир барои татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдатӣ Миллӣ, Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба якчанд нафар аъзоёи ҳизб бо сипосномаҳои Кумита қадрдонӣ гардиданд.