БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва талаботи барқияи телефонии Кумитаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти №9 аз 10.05.2018 дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии «Касбомӯз» чорабинии фаҳмондадиҳии атрофи мавзӯъи «Тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ» бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва зиёда аз 40 нафар аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир гардид.

Зимни баргузории чорабинии мазкур Н. Сабурзода оид ба масъалаи болозикр муфассал суханронӣ намуда, дар фарҷоми суханрониҳои пурмуҳтавояш иброз намуд, ки: - Боиси қайд аст, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. Аз ин рӯ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҷавонон ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз техналогияҳои замонавӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg