БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА ДАР МАҲАЛЛАИ №3 – И НОҲИЯ

ТЕМУРМАЛИК: Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо усули “Хона ба Хона” дар Маҳаллаи №3 – и ноҳия вохӯриҳои судманд доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин, Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Абдулманонов Сорбон ва Сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Асомудинзода Садбарг вобаста ба самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлгӣ, сарфакорона истифода бурдани неру барқ инчунин оид ба ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg