БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ИСТИҚЛОЛЛИЯТ-РАМЗИ ОЗОДИЮ ОРОМИ ВА СУЛҲУ СУБОТИ МАРДУМ

ТЕМУРМАЛИК: Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлатӣ ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.
Дар тӯли таърих миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик бисёр фоҷеаҳои талху сангин ва тақдирсозро паси сар намуда, билохира бо тақозои тақдир истиқлолияти комили давлатиро ба даст овард. Бояд иброз дошт, ки Истиқлолияти миллию давлатӣ барои мо халқи тоҷик, осону саҳл ба даст наомадааст. Қувваҳои бегона дар фурӯ намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ саҳми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мансаб интихоб гардид, махсусан калон аст.
Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат ба шумор меравад. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия ва тамоми рукнҳои давлатдорӣ гардида, Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти давлатдорӣ ва давлати мустақил эътироф ва ба расмият шинохта шуд.
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.
Тамоми сокинони Тоҷикистони азизу маҳбуб имрӯз ифтихор аз он доранд, ки сиву чор сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати истиқлолият дар миёни дигар давлатҳои дунё бо ном давлати ҷавони Тоҷикистон рӯи харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо гардид ва аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу озод ба расмият шинохта шуд.
Аъзои фаъоли ҲХДТ – Азиззода Орзубек
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg